Шабнам Раҳимзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш: «Ваҳдати миллӣ табассуми гумшудаи модари тоҷикро дубора баргардонд»

Июнь 27, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, табассуми гумшудаи модари тоҷикро дубора баргардонд, барои мо якдилӣ, якпорчагӣ, иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳабро дод, ки ин беҳтарин неъмат аст. Ваҳдати миллӣ бонуи тоҷикро бо чаканаш то ба ЮНЕСКО бурду ҷавони тоҷикро бо Парчамаш то баландтарин қуллаи варзиши ҷаҳонӣ — Бозиҳои олимпӣ.

Чунин ибрози назар намуд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Шабнам РАҲИМЗОДА дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар».

АМИТ «Ховар»: — Нақши Сарвари давлатро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шабнам Раҳимзода: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори ваҳдати миллати тоҷик мебошанд. Саҳми ин шахсияти таърихӣ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ бениҳоят калон аст. Тоҷикистониён имрӯз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранду нафаси озод мекашанд. Барои ба даст овардани ин неъмат – Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҷонбозиҳо карданд. Дар вазъияти ниҳоят мураккаб сафарҳои дохилию хориҷӣ анҷом доданд. Ҳамватанони моро, ки аз дасти душманони аҷнабӣ хонабардӯш шуда буданд, ба Ватан баргардонданд. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормонҳои мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардиданд ва рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд.

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввал масъулияти давлатдориро ба зимма гирифта, изҳор намуда буданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ба ин аҳдашон вафодор монданд.

Барои исботи ин гуфтаҳо ҳар як ҷавони мамлакатро зарур аст, ки бо калонсолоне, ки даҳшати он рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронданд, суҳбат кунанд ва ё наворҳои телевизиониеро, ки дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ намоиш дода мешаванд, бинанд. Баъдан он солҳоро бо шароити имрӯза муқоиса кунанд.

Беҳтарин ва олитарин хизмате, ки Сарвари мо барои миллатамон кардаанд, ин хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор кардани ваҳдати сартосарӣ дар Тоҷикистони азизамон аст.

АМИТ «Ховар»: — Ваҳдати миллӣ ба назари Шумо ба мардум чӣ дод?

Шабнам Раҳимзода: — Ваҳдати миллӣ барои мо як миллати дар вартаи ҳалокат қарордоштаро аз нав эҳё намуду дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Ваҳдати миллӣ барои мо сулҳу суботи сартосариро ҳадя намуд. Ваҳдати миллӣ бонуи тоҷикро бо чаканаш то ба ЮНЕСКО бурду ҷавони тоҷикро бо Парчамаш то баландтарин қуллаи варзиши ҷаҳонӣ — Бозиҳои олимпӣ. Ваҳдат аст, ки имрӯз миллати тоҷикро дар сайёра мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ваҳдати миллӣ дили ороми сокинони миллат аст. Ваҳдат аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо дили пуру хотири ҷамъ пайи илмомӯзиянд. Ва ниҳоят Ваҳдати миллӣ ба мо як Тоҷикистони ҷавону нозанинро ҳадя намуд, ки муаррифии аз пештара бештари он вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Чунки, Ваҳдат ин дастоварди бузург ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Тоҷикистон аст ва инро бояд шаҳрвандони худогоҳу худшинос дарк ва ҳифз намоянд.

АМИТ «Ховар»: — Барои пойдориву устувории Ваҳдати миллӣ аз кадом омилҳо бояд кор гирифт?

Шабнам Раҳимзода: — Пешвои муаззами миллат дар ҳар як суханрониҳояшон ба мардуми тоҷик, махсусан ҷавонон таъкид мекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ин суханони Сарвари давлатро ҳар як ҷавон бояд амиқ дарк кунад. Зеро дар замони бархӯрди тамаддунҳо нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва суботи сартосарӣ бисёр душвор аст. Мо пеш аз ҳама дар дилхоҳ вазъияте, ки рӯ ба рӯ мешавем, бояд манфиатҳои миллиамонро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорем. Мову шумо вазифадорем, ки як Тоҷикистони аз пештара беҳтарро ба наслҳои баъдиамон ба мерос диҳем. Беҳуда нагуфтаанд, ки зурии мушт аз ваҳдати ангуштон аст. Мо чӣ қадар бо ҳам меҳрубону қарин ва дар дифои манфиатҳои миллату давлатамон фаъол бошем, Ваҳдати миллии мо ҳамон қадар устувор мегардад. Масъалаи фаъол ва бетараф набудани ҷавонон дар ҳифзи амният ва ваҳдати миллӣ имрӯз бисёр муҳим аст, чун таъсири равандҳо, руйдодҳо ва хатарҳои ҷаҳони имрӯза, хусусан таассуб, ифротгароии динӣ, хурофот, экстремизм, терроризм, ҷанги иттиолоотӣ ва ғайра метавонад ба ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа осеб расонад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, хурду калон, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, ақидаҳои сиёсии худ бояд дарк кунад, ки тамоми умеду орзу ва рушди ҷомеа танҳо дар ҳолати пойдории ваҳдати миллӣ, сулҳу субот татбиқ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»/Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 27, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид