Шариф Раҳимзода: «Ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон решаҳои таърихӣ дошта, бар низоми ҳамсоягии некбинона асос ёфтааст»

Июнь 15, 2022 12:51

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумони ин кишварҳо нақши муҳим доранд.  Ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон решаҳои таърихӣ дошта, ба низоми  ҳамсоягии некбинона, самарабахшӣ, самимият ва некхоҳӣ асос ёфтаанд», — чунин ибрози  назар  намуд директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф РАҲИМЗОДА ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН. 

 Ба андешаи директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро ба чор марҳила ҷудо намудан мумкин аст: 1) то ба даст овардани истиқлолият;  2) аз оғози истиқлолият то соли 2000, ки давраи инкишофи муваффақонаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ буд;   3) аз соли 2000 то охири соли 2016,  ки дар он робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ коҳиш ёфтанд;   4) аз соли 2017 то ҳоло, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду  мамлакат  бомаром инкишоф меёбанд.

“Ҳар кадоми ин давраҳо хусусиятҳои хос дошта, зери таъсири омилҳои гуногун ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ,  гоҳе равнақ ва гоҳе коҳиш ёфтаанд. Ҷумҳурии Узбекистон пас аз ба даст овардани истиқлолият то соли 2000  ба гурӯҳи се шарики асосии тиҷоратии кишвар ворид мешуд. Агар дар соли 1991 гардиши мол миёни ду кишвар 10,5 миллион долларро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 1995  383 миллион доллари ШМА ва соли 1999 ба 445,4 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод, -иттилоъ дод  ӯ.

Тибқи маълумоти  номбурда,  шурӯъ аз соли 2000 вобаста ба тағйири муносибатҳои байни ду давлат  ҳаҷми гардиши мол то 69,3 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2016  коҳиш ёфт. Беҳбудии муносибатҳои сиёсӣ шурӯъ аз соли 2016 боиси рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гардиданд. Аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда, содда кардани барасмиётдарории ҳучҷҷатҳо, додани имтиёзҳо ба соҳибкорони ҳарду кишвар, диверсификатсияи савдои хориҷӣ вобаста ба хариди қисме аз таҷҳизоту молот аз бозорҳои якдигар аз зумраи  тадбирҳое буданд, ки ба пешрафти муносибатҳои тиҷоратӣ мусоидат намуданд.

Шариф Раҳимзода ёдовар шуд, ки дар яке аз вохӯриҳои сатҳи олӣ роҳбароин ҳарду кишвар мақсад  гузоштанд, ки  соли 2020 бояд гардиши савдои дуҷониба ба зиёда аз 500 миллион доллари ШМА расонида шавад. Мутаассифона, таъсири манфии пандемия ва маҳдудиятҳо дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкон надод, ки ин вазифа иҷро шавад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2020 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 320,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Вале баробари аз байн бурдани маҳдудиятҳо ва таъмини рушди иқтисодиёт соли 2021 ҳаҷми муомилоти мол то 452,7 миллион доллари ШМА афзоиш ёфт. Ва маълумоти  имсола нишон медиҳад, ки мо ба мақсад наздик мешавем. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ танҳо дар 4 моҳи соли 2022 199,1 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Гардиши мол байни  Тоҷикистону Узбекистон дар солҳои 2016-2020

“Соли 2021 ҳиссаи Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,0 фоизро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки дар соли гузашта ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни кишварҳои мо нисбат ба соли 2020 41,1 фоиз ва нисбат ба соли 2016 беш аз 6,5 баробар афзуд. Дар ҳамин ҳол, таносуби содироту воридот баробар ба 1/4 аст, дар ҳоле ки  соли 2016 ин нишондиҳанда ба 1/1 буд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳибкорони Узбекистон фаъолтар буда, ба бозори Тоҷикистон бештар маҳсулот мефиристанд”, -шарҳ дод коршинос.

Мавсуф тазаккур дод, ки содироти мол ба Ҷумҳурии Узбекистон дар соли 2021 маблағи 126,7 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.  Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 35,7 миллион доллари ШМА нерӯи барқ, 27,5 миллион доллари ШМА портландсемент, 23,0 миллион доллари ШМА нахи пахта содирот кардааст.

Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2021 ба маблағи 326,0 миллион доллари ШМАмаҳсулот, асосан нуриҳои минералӣ, гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, воридоти гази табиӣ 38,1 миллион доллари ШМА, нуриҳои маъданӣ 25,4 миллион доллари ШМА, колоҳои рӯзгор 17,4 миллион доллари ШМА-ро ташкил додааст. Дар ин сол воридоти мол нисбат ба соли 2020 27,1 фоиз афзудааст.

Дар соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Узбекистон 13,6 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 1,9 баробар афзоиш ёфтааст.

“Намоишгоҳу форумҳои тиҷоратӣ, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Самарқанд ва Хуҷанд баргузор гардиданд, барои роҳандозии ҳамкории шарикӣ миёни соҳибкорон аҳамияти хоса доранд. Аз рӯи номгуйи молҳои дар ин намоишгоҳҳо пешниҳодшуда ва таваҷҷуҳи соҳибкорону иштироккунандагон, ҳарду кишвар барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иқтидори зарурӣ ва ояндаи хуб доранд. Аммо барои ба манфиати ҳарду ҷониб истифода кардани иқтидору имкониятҳои мавҷуда зарур аст, ки заминаҳои қонунию амалӣ беҳтар карда шуда монеаҳои сунъӣ аз байн бардошта шаванд”,-  мегӯяд Шариф Раҳимзода.

Муаллиф нигоштааст, ки  асоси сиёсати иқтисодии некбинонаи ҳамсоягӣ истифодаи низоми савдои озодест, ки дар байни Тоҷикистону Узбекистон вуҷуд дорад ва барои ҳаракати озоди сармоя, молу хизматрасониҳова қувваи корӣ шароити мусоид фароҳам шуда истодааст.

“Ин пеш аз ҳама, барои густариши самтҳои ҳамкорӣ, ба роҳ мондани робитаҳои зичи мутақобилан судманди иқтисодӣ байни субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистону Узбекистон зарур аст. Дар айни замон ҳамкории ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва минтақаҳои мамлакатҳои мо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Водии Фарғона, ки дар замони шӯравӣ бозори муштараки се ҷумҳурӣ (Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон) буд, бояд боз нақши таърихии муттаҳидкунандаи худро бозида дар рушди иқтисоди минтақа саҳмгузор бошад”, -таъкид намуд ӯ.

Ба гуфтаи олим, дар шароити афзоиши рақобат ва мубориза барои ҳиссаи зиёд доштан дар бозорҳои ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои таъмини рақобатпазирии маҳсулот кам кардани арзиши аслии он мебошад. Азбаскӣ дар кишварҳое, ки мустақиман ба баҳр дастрас надоранд, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон ба ин гурӯҳ дохиланд, ҳиссаи хароҷоти нақлиётӣ дар арзиши аслии маҳсулот зиёд аст, рушди муносибатҳои минбаъдаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо ҳамсояҳо ва бо ин роҳ кам кардани хароҷоти нақлиётӣ яке аз омилҳои муҳими коҳиши арзиши аслии маҳсулот мебошад. Аз ин рӯ, шарикӣ бо соҳибкорони кишварҳои ҳамсоя ба афзоиши фоидаи субъектҳои соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Ба андешаи мавсуф, дар марҳалаи ҳозира зарур аст, ки омӯзиши таҳаввул ва самтҳои минбаъдаи рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни ду мамлакат, арзёбии саривақтии онҳо, низоми муайянкуниитамоюлҳои нави инкишофи ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда,  омилҳои ба инкишофи босуръати савдои байниҳамдигарӣ халалрасон бартараф карда шаванд.

Ба ақидаи коршинос, вазифаҳои олимон ва сохторҳои давлатӣ дар ояндаи наздик аз инҳо иборатанд:

  • асосноккунии самарабахшии фаъолияти инвеститсионӣ, махсусан дар заминаи ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа;
  • ташкили ширкатҳои лизингӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъмини субъектҳои хоҷагидорӣ бо техника, технологияи нав, хариди таҷҳизот, локомотивҳо, вагонҳо, рефрижераторҳо, ки барои ташкили долонҳои муосири логистикӣ заруранд;
  • татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо мақсади азхудкунии сармояи табиии минтақа, пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт, алоқа, телекоммуникатсия, маориф ва тандурустӣ;
  • ҳамоҳангсозии шароити рақобатпазирии институтсионалӣ бо мақсади баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон;
  • дар бахши бонкӣ вақти он расидааст, ки бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд;
  • рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи онҳо барои интиқоли маҳсулот ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамотҳои гумрукӣ бо мақсади кам кардани вақти нигоҳдошти мол дар қаламрави гумрукӣ ва баҳисобгирии дурусти арзиши молҳоиаз сарҳад убуркунанда;
  • коркарди меъёру қоидаҳои ягонаи савдо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари минтақа ҷиҳати рушди бозори умумии минтақавӣ.

«Дар маҷмӯъ, рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҳарду кишвар ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад. Илова ба он, ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти ривоҷи минбаъдаи робитаҳои ба ҳамдигар фоидабахши иқтисодӣ дар минтақа ва ба вуҷуд овардани бозори ягона намуна ва асос шуда метавонад»,- хулоса  кард директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.

            АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2022 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид