Ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай омодагиашро барои ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард

Июнь 24, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай зимни мулоқоти маҷозии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати мазкур Маҳмуд Роҳпаймо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриётии  ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Дар ширкати номбурда шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд. Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон  мебошад.

Зимни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд. Инчунин дар мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад.

Дар фарҷом тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

Июнь 24, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд