Соҳибкорони тоҷик ва турк тасмим доранд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд

Июнь 11, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони тоҷик ва турк тасмим доранд дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд. Ин нукта дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода бо роҳбари ширкати «Чолакоғлу групп»-и Ҷумҳурии Туркия Акиф Чолакоғлу тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Зимни суҳбат ҷонибҳо инчунин доир ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят суҳбат карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки сафари соҳибкорони турк ба вилояти Суғд сафари ҷавобӣ буда, моҳи майи соли ҷорӣ зери роҳбарии Раиси вилоят соҳибкорони тоҷик ба Туркия сафар намуда буданд.

Ҳамкории мутақобилан судманди соҳибкорони тоҷик ва турк солҳо инҷониб идома дошта, самараи худро ба бор овардааст ва то имрӯз дар вилоят якчанд корхонаҳои саноатии муштарак фаъолият мекунанд. Аз ҷумла ҶДММ «Фортуна-Ко» бо шарикони турк корхонаҳои саноатии «Силкоат бойя» ва «Арча мебел»-ро таъсис додаанд, ки имрӯзҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи ҳамкории судманд соҳибкорони тоҷик якҷо бо соҳибкорони турк лоиҳаи навро амалӣ намуда, тасмим доранд, ки дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи биноҳои истиқоматии замонавиро бунёд намоянд. Айни замон корҳо оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ ва бо тамоми шароити зарурӣ сохта шавад. Маҷмаа дорои ҳавзҳои шиноварӣ, толори фитнес, ҳаммомҳои туркӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ барои кӯдакон, ҷойҳои махсуси истироҳатӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда низ тарҳҳои муфиду муштаракро амалӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 11, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд