Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҷаласаи хотимавии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид

Июнь 8, 2022 21:23

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Лю Женмин ва намояндагони давлатҳои иштирокчии   Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 чорабинии хотимавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи Конфронс 5 форуми сатҳи баланд, 9 ҷаласаи пленарии  мавзўӣ, 3 панели интерактивӣ, 11 конфронсу чорабинӣ, Фестивали  об ва марафони варзишӣ    дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар чорабинии хотимавӣ мавзӯъҳои  таи чанд рӯз дар ҳошияи Конфронс  мавриди таҳлил  қарор гирифта, аз моҳияти  он натиҷагирӣ карда шуд.

Таҳлилгарону коршиносон, ки  ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд,  аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим саривақти ҳисобида  дурнамои рушди онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ  натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Қоҳир Расулзода  таъкид кард, ки Конфронси дуюми Душанбе платформаи  муттаҳидсозӣ ва дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, низомеро таҳия хоҳад кард, ки ҳукуматҳо, СММ ва дигар шарикон нақшаву ҳадафҳои неки худро тавассути  он амалӣ хоҳанд намуд.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамўҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк гузаронида мешавад, занҷираи марказӣ хоҳад буд.

Иштирокчиённи Конфросн зимни суханрониҳо хеш саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти ҳаллу фасли масоили об ва иқлим  бузург арёбӣ карданд.  Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ дар самти об ва тағйирёбии иқлим аз сатҳи маҳаллӣ,  минтақавӣ ва  байналмилалӣ метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нақши арзишманд гузорад. Суръат бахшидан ба ҳамкорӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рўзномаи рушди 2030 масъалаи меҳварии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил медиҳад.

Баргузории Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони васеи муколама, баррасиии  мавзўъҳои рўзмарраи об ва иқлимро бо иштироки коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ба миён овард.

АКС: АМИТ «Ховар»

                              

 

Июнь 8, 2022 21:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид