ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июн, ҷумъа, 175-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 24, 2022 08:00

24 июни соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

         ***

9 сол пеш, 24 июни соли 2013 дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик маросими муаррифии  китоби арзишманди таърихӣ- «Тоҷикон дар оинаи таърих»- и Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуданд.

24 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони саноати мошинсозӣ.

***

Дар Венесуэла — Рӯзи артиш.

***

Дар Шотландия — Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Фаронса — Рӯзи эълон намудани ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

 24 июни соли 2008 дар Душанбе Боғи «Пойтахт» ба истифода дода шуд.

***

8 сол қабл, 24 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид.

***

24 июни соли 1940 аввалин маротиба камераҳои телевизионӣ барои нишон додани ҳодисаҳои сиёсии анҷумани ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Америка истифода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1951 шабакаи телевизионии тиҷоратии ранга ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард.

***

24 июни соли 1973 Леонид Брежнев  ҳангоми сафари расмии худ ба Америка иброз дошт, ки аллакай ҷанги сард ба итмом расидааст.

***

24 июни соли 1995 дар Африқои Ҷанубӣ Ҷоми ҷаҳон оид ба регбӣ баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1930 аввалин маротиба барои бехатаргардонии ҳавопаймо дар Анакост (ИМА) радар истифода бурда шуд.

***

Соли 1947 аввалин маротиба дар осмон пайдо шудани объекти ношинос ба қайд гирифта шуд.

 

 

Июнь 24, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маводҳои таҳлилӣ