Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои варзиши обӣ дар Будапешт ду нафар намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, варзишгарони тоҷик дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди варзишҳои обӣ, ки аз 18 июн то 3 июли соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи шиноварии Тоҷикистон хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки Чемпионати мазкур соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 он ба соли 2022 гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири варианти «Omicron» ва чораҳои пандемия дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки 7 феврали соли 2022 Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18 июн то 3 июли соли 2022 хоҳад буд.
Будапешт бори дуюм аст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об миёни ҳам қувва месанҷанд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






