ҚУВВАИ МО ДАР САРҶАМЪИСТ. Мулоҳизаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Июнь 26, 2022 09:17

«Ваҳдат барои мо як вожа ва  калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи  ояндаи ободу  осуда ва муҳимтар аз ҳама  кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо тӯли қарнҳои зиёд орзу дошт соҳибватану соҳибдавлат бошад. Ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ин орзую ормонро ҷомаи амал пӯшонид ва мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардидем. Агарчӣ ибтидо даргириҳои дохилӣ ба саъю талоши мо ҷиҳати корбурди судманди фурсати тиллоии бадастомада дар самти пиёдасозии ҳадафҳои давлатдорӣ монеъа эҷод кард, аммо баъдтар маҳз Ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободокорӣ ба роҳ монда шаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки маҳз Роҳбари давлат бо  истифода аз хиради волои хеш тавонист аз дили мардум рӯҳафтодагию  ноумедиро зудуда бисозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм бикунад.

Ваҳдати миллӣ бо паймудани роҳи пуршебу фароз насибамон гардид ва акнун мо муваззаф ҳастем, ки онро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем, зеро маҳз бо эҷоди ваҳдати миллии комил, дӯстию рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаю оқилона муяссар мешавад, ки барои хеш зиндагии шоистаро муҳайё созем. Маҳз Ваҳдати миллӣ метавонад барои устувории давлат, сарсабзии миллат ва ба даст омадани бахту саодат замина фароҳам оварад. Ваҳдат буд, ки дар як муҳлати кӯтоҳ мулки харобгардидаро ба як кишвари гулгулшукуфон ва халқи азиятдидаи онро ба як миллати воҳид табдил дод.

Ҳар гоҳ ки атрофи ин мавзӯъ андеша мекунам, беихтиёр пеши назарам рӯзҳои даҳшатбори ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, манзараи шаҳру деҳоти харобгардида ва мардуми сарсону саргардон  падидор мешаванд. Шукр мекунам, ки дар миёни мардуми азизи ман афроди соҳибхираду дилсӯзи миллат буданд, ки зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар бадали ҷонфидоиҳо, шабзиндадориҳо, аз худ гузаштанҳо миллати парокандаро ба ҳам оваранд ва Ватани азизи моро аз пора-пора шудан наҷот диҳанд.

Ваҳдат муқаддастарин вожа барои ҳар қавму миллат аст. Маҳз ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ваҳдат —  ин ба ҳам омаданҳо, аз қатраҳо ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, таъмини умри дарози соҳибистиқлолӣ ва пойдории абади давлат аст. Мехостам дар ин ҷо барои дурустии андешаҳоям аз як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам, ки гуфтаанд: «Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.».

Ин андарзи хирадмандонаи Пешвои миллат дар асоси таҷрибаи рӯзгор падид омадаву заминаи воқеӣ дорад. Яъне, маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ тоҷикон ба ҳам омаданд ва тадриҷан корҳои созандагиву ободкорӣ дар фазои орому амни мамлакат вусъати тоза пайдо кард. Ин падидаи таърихии сарнавиштсоз миллати парокандаро боз ҳfv муттаҳид намуд, пояҳои давлатро устувор гардонид ва Тоҷикистони азизи моро аз вартаи нобудӣ  раҳо сохт.

Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ҳеҷ бовар надоштанд, ки халқи мо дар фурсати кӯтоҳ боз ба ҳам меояд, хатои хешро ислоҳ мебахшад ва барои ободии сарзамини аҷдодии худ камари ҳиммат мебандад.  Ҳатто бархе даъво доштанд, ки умри ин давлат беш аз як ҳафта нест, вале шукрона, ки барқасди душманони худ мардуми Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ буда, бо дасти  бадхоҳони мо роҳандозӣ гардидааст, дар асл тоҷик миллати тамаддунофар, ободкор ва созанда аст.

Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби давлатдорӣ Сарвари давлат тавонистанд дар мулоқотҳои худ дар ҳама гӯшаю канори мамлакат зимни суханрониҳои хеш бо овардани далелу мисолҳои таърихӣ мардумро мутмаин созанд, ки Ватани азизи мо дар вартаи нобудӣ қарор дорад, агар сарҷамъ нашавем, дар атрофи ҳукумати тозаинтихоб муттаҳид нагардем, давлати тозабунёди мо аз байн меравад. Ба ҳамин васила ба Пешвои маҳбубамон муяссар шуд, ки мардумро аз нав сарҷамъ намояд, ваҳдати миллӣ биофарад ва ба анҷоми корҳои ободкорию созандагӣ ҳидоят намояд. Мардум дарк карданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ метавонад пояҳои давлати навини моро пойдору устувор бигардонад. Гуфтан бамаврид аст, ки саодату хушбахтии тамоми сокинони имрӯзу фардои ин сарзамин маҳз ба пойдории ҳамин ваҳдати комили миллӣ рабт дорад. Набояд ибораи «Ваҳдати миллӣ»-ро танҳо  ҳамчун шиор пазируфт, балки мебояд маъвои онро дар қалби хеш қарор диҳем ва барои пойдории он бо корбурд аз мақоми хеш дар ҷомеа ҳамеша саъю талош варзем. Ҳар як сокини мамлакат вазифадор аст, ки ба маънӣ ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти миллат дуруст сарфаҳм биравад ва дар роҳи пойдории он ҳар садде ба чашм мехӯрад, барои аз байн бурдани он саҳми хешро гузорад.

Тоҷикон ба ҳайси як миллати соҳибтамаддун бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба ҷаҳониён исбот карданд, ки барои  давлатдорӣ қодиранд, аз неруи созанда бархӯрдоранд ва чун гузаштагони шарафманди хеш метавонанд дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назарраси хешро гузоранд.

Дар муддати кӯтоҳ хотима бахшидан ба даргириҳо, тарафҳоро ба ифоқа овардан  ва эҷод намудани ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи басо камназир аст. Ба ҳеҷ васила набояд аз ёд баровард, ки он саҳлу осон ба даст наомадааст, балки маҳз бо талошҳову андешидани тадбирҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мо ба ин комёбии бузург ноил гардидаем. Хидмати Роҳбари давлат дар ин самт бисёр бузург аст. Ин танҳо хулосаи мо нест, балки  нақши боризи Сарвари давлати моро дар хотима бахшидани даргириҳо, таҳкими сулҳу субот ва дубора барқарор кардани ҳаёти осоишта  шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф карданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Тоҷикон собит намуданд, ки ҳар қавму миллате, ки орзуи ободии ватан ва пойдории давлати худро дорад, танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки агар мисли Роҳбари давлати мо шахсияти хирадманду ҷоннисори марзу буми аҷдодӣ дораду дар атрофи ӯ муттаҳид мегардаду барои ободии сарзамини худ пайваста талош меварзад. Танҳо аз ин роҳ метавон сарбаландона дар шоҳроҳи ваҳдат қадами уствор гузошт ва ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Замоне, ки тоҷикон дар ду тараф сангар гирифта, ба муқобили якдигар меҷангиданд, аз ҳар тараф сару садоҳо ба гӯш мерасид, ки ин низоъ солҳои тӯлонӣ идома хоҳад ёфту ба ҳеҷ ваҷҳ миёни тарафҳо ҳамдигарбахшӣ муяссар нахоҳад шуд ва бадхоҳони миллати мо саъй мекарданд, ки бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф оташи ҷангро баландтар созанд. Аммо Сарвари давлати тоҷикон бо хиради азалии  хеш тарафҳоро на танҳо ба ифоқа оварданд, балки онҳоро талқин намуданд, ки якдигарро бародарвор ба оғӯш бигиранд. На ҳар сарвару на ҳар миллат метавонад чунин кори бузургро ба анҷом расонад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид низ таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».

Бинобар ин, барои мо лозим аст, ки ба хотири ояндаи миллату давлат ҳамеша ҷонибдор ва муҳофизи пойдории ваҳдати миллии хеш бошем. Нагузорем, ки душманони миллат бо иғвоҳои пардапӯшона миёни мардуми мамлакати азизамон ҷудоӣ андозанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар бораи Ваҳдати миллӣ, роҳҳои муяссар гардидану масири тайкардаи он ва барои ҳар қавму миллат чӣ неъмати бебаҳо буданаш бисёр гуфтаанду навиштаанд, аммо ба андешаам корҳои зиёде дар пеш аст. Мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи мавзӯи мавриди назар, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ байни насли наврас ва ҷавон бештар кор барем. Тавре Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанду ҳушдор медиҳанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳему бедору ҳушёр бошем. Зеро ҳанӯз душманони миллати мо ором нагирифтаанд. Онҳо пайти муносиб меҷӯянд, то оромии Тоҷикистонро халалдор созанд. Барои дурустии  ин андешаҳо воқеаҳои чанде пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдодаро ба ёд овардан кофист. Насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллат ва мамлакат ба онҳо вобаста аст, пеш аз ҳама бояд ба мафҳуми «худшиносӣ», «ҳуввияти миллӣ», «Ватан», «истиқлол» ва дигар арзишҳои миллӣ хуб сарфаҳм бираванд. Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки «дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст».

Дар баробари ин тамоми сокинони Тоҷикистон эҳсос кунанд, ки ин мамлакат барои ҳамаи мо Ватан аст ва онро дӯст доштану ҳифз намудан вазифаи ҷонии мост. Вожаи Ватан он қадар маънии бузургро дар худ фаро гирифтааст, ки  наметавон онро дар  як мақола тафсир кард. Ватан хонаи умеду орзуҳо, бахту саодат ва оғозу анҷоми ҳар яки мост  ва мо бояд ба хотири ободӣ ва ҳифзи марзу буми он мардона қадам бизанему ба хотири имрӯзу фардои дурахшонаш бо дилу нияти пок кору фаъолият намоем.

Саъю талош дар роҳи камоли маънавӣ, даст ёфтан ба зиндагии шоистаи инсонӣ, муаррифии симои нуронии халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ, истодагарию устуворӣ дар баробари буҳронҳою чолишҳои муосир, пешгирии ҳар гуна рафтору кирдори номатлуб ва муяссар шудани дастовардҳо маҳз дар заминаи мавҷуд будани  ваҳдати воқеӣ  ва ҳамешагӣ ба даст меояд ва шукри беҳисоб, ки мо ваҳдат дорему насли имрӯзу оянда талош хоҳанд кард, ки он бақои абад ёбад. 

Барно САИДВАЛИЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-майори милитсия 

АКС: Хадамоти иҷрои назди ҲҶТ

Июнь 26, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Туту.ру»: Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои русиягиҳо шомил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» оғоз меёбад
БАРОИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ЧАРОҒАК САБЗ АСТ. Тоҷикистон ният дорад истифодаи чунин воситаҳои нақлиётро афзоиш дода, воридоти онҳоро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод кунад
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ намояд
ДАР АВРУПО БИНОБАР НОРАСОИИ ОБ ВА ХУШКСОЛӢ ДАРАҶАИ «СУРХ»-И ХАВФ ҶОРӢ ШУДААСТ. Тоҷикистон ва Нидерланд ба баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар Ню Йорк омодагӣ мебинанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Пиряхҳои Антарктида аз ҳисоби 2-3 дараҷа гарм шудани об тезтар об мешаванд
КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БОРҲО ДАР ИН МАВЗӮЪ ГУФТААНД. Барномаи СММ хабар медиҳад, ки ғарби ИМА метавонад бе об ва барқ бимонад
ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР ЭРОН. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт
ҲАВОИ МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН САЛҚИНТАР МЕШАВАД? Ба ин савол ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ посух доданд

Маводҳои таҳлилӣ