Варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавононро ба даст овард

Июнь 25, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни ҷавонон (U-23) дар намуди юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии  Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Рақобатҳои ин вазн тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, Асламҷон дар даври аввал бар Аҷай Аҷайи ҳиндустонӣ ғалаба карда, дар даври дуюм аз варзишгари Қазоқистон Ерсин Абир шикаст хурд. Ӯ сипас дар даври сеюм бар варзишгари мизбон Уран Муратбек уулу пирӯз гардид, дар даври чорум аз намояндаи Узбекистон Ихтиёр Ботиров мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, Асламҷон бо ду пирӯзӣ ва ду бохт ҷои дуюмро гирифт. Ҷои аввал бо 3 пирӯзӣ ва як бохт насиби Ихтиёр Ботирови узбекистонӣ ва ҷои сеюм бо ду ғалаба, ду бохт насиби Ерсин Абир (Қазоқистон) шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон фардо идома меёбад. Ҷумҳурии моро 6 нафар намояндагӣ мекунанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 25, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид