Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар муколламаи кишварҳои Шарикии глобалӣ оид ба маориф иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн Вазири маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи иштироки Саммити муқаддамотии бознигарии низоми маорифи кишварҳои узви Созмони Миллали Мутаҳид дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, дар бахши муколамаи вазирони кишварҳои узви Шарикии глобалии маориф (GPE) ширкат варзида, оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи аснод барои ба дастовардани лоиҳаи сармоягузорӣ суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмии мамлакат хабар доданд.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки «вазорати маориф ва илми мамлакат ба таҳияи созишномаи шарикии КОМПАКТ дар моҳи январи соли 2021 оғоз кард ва як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дод, ки дар он бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии шарикони рушд (LEG) ва намояндагони Шарикии глобалӣ ҳамкории зичро ба роҳ монд. Зимни таҳияи ҳуҷҷат ба вазифаҳои муайянкардаи Стратегияи рушди маориф то соли 2030, ба монанди таҳсилоти салоҳиятнок, беҳтар намудани сифат ва натиҷаҳои таълим, таъмини таълим дар давоми ҳаёт барои ҳамаи кӯдакон бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шуд».
Ба гуфтаи Вазир маориф ва илми мамлакат, шарти асосии муваффақ шудани Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо ин риояи коршиносон ба тамоми талабот ва интизориҳои Шарикии глобалии маориф ҷиҳати таҳияи дархост барои дастгирии ислоҳоти низоми маориф ба шумор меравад. Ба сифтаи тавсия ба дигар давлатҳо, истифодабарии модели нави амалиётии Шарикии глобалии маориф то соли 2025, ки механизмҳо ва абзорҳои худро дар банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи афзалиятҳо, муайян шуда буданд мутобиқ ва корбарӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳо барои муколамаи фарогирӣ соҳаи маориф тавсия дода шуд, ки шароити заруриро барои гурӯҳҳои маорифи маҳалӣ фароҳам оранд ва имкони иштирок ва ҷалби ҳамаи шарикон дар ин раванд ба инобат гирифта шавад.
Дар муколама вазирони маорифи дигар кишвархо, ки дар Саммит ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби ширкаткунандагон муроҷиатнома ба Созмони Миллали Мутаҳид қабул карда шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд






