13 деҳаи ноҳияи Файзобод бо фарогирии 19717 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда мешаванд

Июль 1, 2022 08:47

ДУШАНБЕ, 01.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» бояд 13 деҳа дар 4 ҷамоат бо фарогирии 2520 хоҷагӣ (19 717 нафар аҳолӣ ) бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шаванд. Арзиши умумии лоиҳа 4,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 1,8 миллион қарзи имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 миллион евро гранти Ҳукумати конфедератсияи Швейтсария мебошад. Инчунин барои омода ва тарҳрезӣ намудани нақшаи самаранокии лоиҳа ҷудо гардидани кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,8 миллион евро низ пешбинӣ гардида, татбиқи он аз соли 2022 шуруъ ва муҳлати ­ниҳоии амали он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа соли равон оғоз гардида, муҳлати анҷоми он 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст.

Дар ин хусус зимни барассии масъала «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 29 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар иҷлосия зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, аз барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизмат­расонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани даст­расии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин, баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» 11 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 1, 2022 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд