21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон баргузор мешавад.
КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) доир менамояд.
Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст






