Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 тақрибан ба 10 ҳазор оила кумаки башардӯстона расонид
ДУШАНБЕ, 18.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии шарикони рушд тақрибан ба 10 ҳазор оила кумаки хайриявии башардӯстона дар шакли маводи хӯрокворӣ расонид. Дар ин бора 14 июл зимни ироаи ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2022 Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта шуд, ки кумакҳои мазкур дар доираи ҳамкории башардӯстона бо дастгирии Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Қатар ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия тавассути кормандон ва ихтириёни Ҷамъият расонида шуданд.
«Аз ин кумакҳо 1300 оила дар ВМКБ, 2975 оила дар Душанбе, 500 оила дар Истиқлол, 150 оила дар Бӯстон, 800 оила дар Ваҳдат, 800 оила дар Кӯлоб, 300 оила дар Роғун, 800 оила дар Данғара, 800 оила дар Рашт, 300 оила дар Файзобод, 300 оила дар Сангвор, 500 оила дар Айнӣ ва 100 оила дар Варзоб бархӯрдор гардиданд», — илова намуд Котиби генералии Ҷамъият.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Қатар дар моҳи Шарифи Рамазон ба 300 оилаи ниёзманд, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва тарбиятгирандагони хона-интернатҳо ва ятимхонаҳои кишвар кумаки башардӯстона дар намуди маводи хӯрокворӣ дастрас карда шуд.
Инчунин бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба хона-интернетҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе маводи хӯроквории мавриди ниёзи аввал дастрас гардид.
Бино ба зикри Котиби генералӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ҳамчунин миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба оғози марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тавассути он давоми 12 моҳ 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи Созишнома ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад. Аз ин теъдод 500 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кушониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ дастгирии молиявӣ меёбанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб марҳилаи сеюми лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» оғоз карда шуд, ки тибқи он зиёда 1500 нафар ятимон аз вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд. Мутобиқи лоиҳаи мазкур, нисбат ба 1 ятим дар 1 моҳ 180 дирҳами АМА бо назардошти мубодилаи қурби асъор бо сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Баҳодур Қурбониён иброз дошт, ки ҶҲАТ ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат саҳм гузорад.
Ёдовар мешавем, ки ҶҲАТ созмони миллии башардӯстона буда, фаъолияташ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии тамоми ниёзмандон равона гардидааст.
ҶҲАТ аз соли 1927 инҷониб бо доштани таҷрибаи хуби корӣ дар амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар аз ҷониби шарикон эътироф гардида, ҳамчун ташкилоти миллии устувор ва дорои шабакаи васеи ихтиёриён, бахшҳову ташкилоти ибтидоӣ ва ҳамкории устувор бо ҷомеаи маҳаллӣ эътибори ба худ хос пайдо намудааст.
ҶҲАТ вазифаи асосии худро дар рушди ҷомеа тавассути ҷалби ихтиёриён ва амалигардонии лоиҳаҳои хурд бо саҳми ҷомеаҳо мувофиқи барномаҳо мебинад.
АКС: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон