Ба Тоҷикистон 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд

Июль 28, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл ба Тоҷикистон дар доираи механизми  COVAX 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer»  ворид карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Субҳи 25 июл низ  ба ҷумҳурӣ 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer»-и истеҳсоли ИМА ворид гардида буд. Давоми шаш моҳи соли равон аз ин  намуди ваксина ба мамлакат 897 390 воя ворид шудааст.

Аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди COVID-19  беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон ворид гардидааст, ки дар шаш моҳи соли равон 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека»-ро ташкил медиҳад.

То аввали моҳи июл вояи аввали ваксинаро 94,0 фоиз, вояи дуюмро 92,2 фоиз  ва  вояи сеюмро 73,3 фоизи  аҳолии кишвар гирифтаанд.

Тамоми ваксинаҳои воридгардида дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 28, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид