Барои ворид гардидани бемории коронавирус ба Тоҷикистон омилҳо мавҷуданд? Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳ медиҳад

Июль 27, 2022 15:59

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои ворид гардидани бемории коронавирус ба Тоҷикистон омилҳо мавҷуданд, зеро дар ҷаҳон ҳар рӯз 828 ҳазор нафар бемори гирифтори коронавирус ба қайд гирифта мешавад. Инчунин дар ҷаҳон ҳоло 23 млн нафар ба ин беморӣ гирифторанд. Агар гардиши вирус дар ҷаҳон ва ҳолатҳои беморшавӣ мавҷуд бошанд, имконияти пайдо шудани ҳодисаҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон низ дур нест.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорони ВАО иттилоъ дод.

«Оид ба пешгирии  бемории коронавирус аз ҷониби вазорат дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои муоинаи ин беморӣ фаъолият доранд, ки дар ҳолати мушоҳидани шудани ҳарорати баланд, набудани таҳлилҳои ПСР  ё надоштани шаҳодатномаи гузаронидани ваксина шаҳрвандони воридшаванда ташхис карда мешаванд»,- гуфт ӯ.

Вазир илова кард, ки «дар мамлакат аз аввали сол дастгоҳи махсус барои муайян кардани шаклҳои коронавирус фаъол аст. Соли 2021 шакли  нави коронавирус- «омикрон» вориди ҷумҳурӣ  гардид, ки танҳо 299 ҳодиса (34 ҳолати фавт) ба қайд гирифта шуд. Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст».

«Дар айни замон бо сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар мамлакат шаҳрвандон  аз оби нӯшокии сард ва ҳавополо зиёд истифода мебаранд, ки дар натиҷа ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, тасаввур мекунанд, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд»,-зикр  намуд  Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулозода илова кард, ки «дар ҷаҳон зиёда аз 16 ҳазор ҳодисаи бемории «сурхакони маймун» дар зиёда аз 75 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирӣ ва ворид нагардидани ин беморӣ ба Тоҷикистон дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо назорат пурзӯр гардонида шудааст. Дар ҳолати  ошкор гардидан  дар ҳамон минтақае, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ҳатман назорату санҷиши ҳарорати бадани сокинон гузаронида мешавад.

«Бемории «сурхакони маймун» аз ду давра иборат аст. Марҳилаи аввали онро инвазия мегӯем. Дар ин давра дар бемор ҳарорати баланд, беҳолию бемадорӣ мушоҳида мешавад ва он панҷ рӯз давом мекунад. Марҳилаи дуюми онро рӯ задан (высыпание) мегӯянд, ки дар ин намуд пайдоиши ярачаҳо дар бадани инсон дида мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани ин намудҳо бемор дар беморхона бистарӣ карда мешавад. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои ин намуди беморӣ тестҳо захира карда шудаанд»,-иброз намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2022 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид