Бо ташаббуси Тоҷикистон нахустин Муколамаи Женева оид ба масъалаҳои об баргузор шуд

Июль 4, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар Швейтсария нахустин Муколамаи Женева оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Мисри Араб  созмон дода шудааст, баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муколамаи мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), «СММ-Об», Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Раёсати  Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) ва созмони «Geneva Water Hub» дастгирӣ карда шуда, дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони сатҳи баланди созмонҳои сохтори СММ ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии Муколамаи зикршуда гузоштани саҳми назарраси созмонҳо ва намояндагиҳои муқими шаҳри Женева ба Конфронси обии СММ-2023 ва инчунин, муайян ва пешниҳоди роҳҳои мушаххас барои суръат бахшидан ба ноил гаштан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ мебошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов дар бахши ифтитоҳии сатҳи баланд суханронӣ намуд. Ба иштирокчиён дар бораи Конфронси сатҳи баланд доир ба об, ки дар шаҳри Душанбе 6-9 июни соли равон баргузор гардид, маълумот дода шуд.

Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур семинар бахшида ба муҳокимаи масоили об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ барпо гардид, ки он аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони UNDRR ташкил карда шуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 4, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд