Тоҷикистон ва Швейтсария муносибатҳои муросилотиро дар низоми бонкӣ ба роҳ хоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ дар низоми бонкӣ бо Швейтсария ва дигар давлатҳои Аврупо дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳамтояш аз Швейтсария Томас Йордан дар шаҳри Бад-Рагаз баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи баргузории ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария мегузарад, доир шуд.
Мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани тахассусияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути табодули таҷриба ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария, махсус дар мавзуъҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, комплаенс таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд. Мавсуф мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишии муштараки Бонкҳои миллии Швейтсария ва Полша, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар аст, даъват намуд.
Ҳоким Холиқзода даъвати Томас Йорданро бо хушнудӣ пазируфта, барои тақвияти ҳамкории минбаъда омодагияшро баён дошт.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






