COVID-19. Ҷопон аз рӯи афзоиши шабонарӯзии сироятҳо дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромад

Июль 29, 2022 13:36

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷопон, ки дар он дар тамоми давраи пандемия сатҳи пасттарини сироятёбӣ дар саросари ҷаҳон ба қайд гирифта мешуд, миёни ҳамаи кишварҳо аз рӯи афзоиши шабонарӯзии шумораи ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус ба ҷойи аввал баромад. Дар ин бора аз ҳисобҳои АМИТ «Ховар» ва омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) бармеояд.

Ба ҳолати 29 июл дар Ҷопон дар як шабонарӯз 230 055 ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти ТУТ, 29 июл дар тамоми кишварҳои Аврупо дар як шабонарӯз 259 313 ҳолати нави сироятёбӣ ва 623 фавт ба қайд гирифта шудааст.

Аз оғози пандемия, дар Ҷопон 12 118 112 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд. Дар тамоми давраи пандемия шумораи фавтидагон дар Ҷопон 32 286 ҳолатро ташкил дода, дар як шабонарӯзи охир 116 фавт ба қайд гирифта шудааст.

29 июл, ҳадди аксари сироятёбӣ дар як шабонарӯз, ба истиснои Ҷопон дар ИМА ба қайд гирифта шуд – 93 216 ҳолат. Баъд аз он Кореяи Ҷанубӣ (88 296 ҳолат) ва Олмон (84 798 ҳолат) мебошанд.

Ба ҳолати 29 июл шумораи гирифторони корнавирус дар ҷаҳон тақрибан ба 580 миллион нафар расида, теъдоди умумии фавтидагон аз 6 миллиону 410 ҳазор нафар гузашт.

Ба ТУТ дар бораи 579 780 429 ҳолати сироятёбӣ ва 6 414 615 ҳолати фавт маълумот расидааст. Теъдоди гирифторон дар як шабонарӯз 926 447 нафар ва фавтидагон 2 028 нафар афзоиш ёфтааст.

Омори ТУТ танҳо маълумоти расман аз ҷониби давлатҳо тасдиқшударо дар бораи ҳолатҳо ва фавтҳо дар бар мегирад. Нишондиҳандаи гирифтории 200 миллион нафар 5 август, 250 миллион нафар — 9 ноябри соли гузашта, 300 миллион нафар — 8 январ, 350 миллион нафар — 25 январ, 400 миллион нафар — 10 феврал, 450 миллион нафар – 10 март ва 500 миллион нафар – 13 апрели соли равон сабт шуда буд.

ИМА аз рӯи шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар ҷои аввал қарор дорад — 92 917 658 нафар. Баъд аз он Ҳиндустон (43 979 730), Бразилия (33 752 376), Фаронса (33 741 251), Олмон (30 787 309) ва Британияи Кабир (23 304 479) ҷойгир мебошанд.

Дар ИМА 1 054 422 ҳолати фавт, дар Бразилия — 678 147 ва дар Ҳиндустон — 526 258 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар Русия 382 313 нафар ва дар Мексика 327 525 нафар фавтидаанд.

Тибқи маълумоти ТУТ, мизони марг ба 1 миллион нафар дар сайёра то субҳи рӯзи ҷумъа 822,9 нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҳиндустон сари ҳар 1 миллион аҳолӣ 374 нафар, Бразилия — 3 144, Фаронса — 2 316, Олмон — 1 706, Британияи Кабир — 2 681 нафар фвтидаанд. Маълумот дар бораи ИМА маълумот дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 3 ҳолати охири сирояти коронавирус моҳи феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз оғози бақайдгирии COVID-19 то имрӯз дар маҷмӯъ 17388 нафар сироят ёфта, 17264 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Илова бар ин, то имрӯз 124 нафар шаҳрвандони кишвар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Zuma / TASS

Июль 29, 2022 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»