ДӮСТИВУ САРҶАМЪӢ МАРОМИ МОСТ. Дар Бадахшон ҳамоиши ҷавонони Тоҷикистон доир гардид

Июль 29, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 29.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараён дорад. Дар чорчӯбаи барномаи мазкур 28 июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҳамоиши ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода иттилоъ дод, пеш аз оғози чорабинӣ дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш ҳузури ҳозиринро ба диёри куҳанзамин хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон сухан гуфт. Мавсуф аз қаҳрамониҳои чандин нафар парчамбардорони миллат ёдовар шуда, иброз намуд, ки модари тоҷик қодир аст фарзандонеро ба дунё орад, ки қаҳрамон бошанд. «Мо яроқи ҳастаӣ надорем, аммо ҳастии миллат аз дӯстиву ҳамбастагист»,- афзуд Ризо Назарзода дар пайравӣ ба суханони  Роҳбари давлат.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Яке аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар замони соҳибистиқлолӣ- 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад, ки пас аз он чандин барномаҳои дигар, ба монанди   Барномаи давлатии  «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон»,  Барномаи «Рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.


«Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ  ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Ин, пеш аз ҳама, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани мақомоти ваколатдори давлатии соҳа, яъне Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Стипендияи президентӣ, таъсиси Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», Ҷоизаи ба номи Исмоил Сомонӣ барои олимони ҷавон  мебошад.   Имрӯз бояд ҷавонони мо аз ин шароити мусоид фаровон истифода бурда,  ба илмомӯзӣ машғул шаванд. Тавре Сарвари давлат борҳо зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст ва маҳз ҷавонон метавонанд бо  ҳисси баланди  ватандӯстиву ватанпарастии хеш баҳри  боз ҳам беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд», — зикр намуд С. Чоршанбезода.

Мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкам Гулзод вобаста  ба дастгирии ҷавонон изҳор дошт, ки «кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо — ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо, ҷавонон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем».

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Ҳамзамон иддае аз ҷавонон дар бораи дӯстиву ҳамбастагӣ ва ташаббусҳои наҷиби Сарвари давлат андешаҳояшонро баён карданд.


Дар фарҷом масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ҷавонони фаъол бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд, сахт дар оғӯш гир» ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ то 30 июл идома ёфта, ҳадафи он васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии мардуми кӯҳистон,  дӯстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод «Маркази ҷавонон» ва майдончаҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»
Президенти Тоҷикистон: «Шахсоне, ки имконияти молиявӣ надоранд, набояд ба хотири савоб аз дигарон қарз гирифта, қурбонӣ кунанд»
Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ эҳтиёт намоед! Аз 6 то 9 июн дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад»
ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ ОРЗУҲОИ ҶАВОНӢ. Дар Душанбе моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид
Вобаста ба омилҳои рушди сармояи инсонӣ дар Душанбе конфронс доир гардид
110 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд