Дабири кулли СММ иштирокчиёни форум оид ба иқлимро аз хатари «худкушии дастҷамъона» ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба иштирокчиёни Муколамаи Петерсберг оид ба иқлим муроҷиат намуда, онҳоро аз таҳдиди «худкушии дастҷамъӣ» ҳушдор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази хабарии СММ.
«Мо интихоб дорем, — гуфт ӯ. – Амали дастҷамъона ё худкушии дастҷамъона. Ҳама дар дасти мост».
Муколамаи Петерсберг оид ба иқлим бо ширкати вазирони ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон рӯзи душанбе, 18 июл дар Берлини Олмон ифтитоҳ шуд. Суханронии Дабири кулли СММ бо ҳарорати рекордии баланд ва сӯхторҳои шадиди ҷангал дар бисёре аз кишварҳои Аврупо рост омад.
«Нисфи башарият зери хатари обхезиҳо, хушксолӣ, тӯфонҳои шадид ва сӯхторҳои ҷангал қарор дорад. Ҳеҷ кишваре аз ин эмин нест. Бо вуҷуди ин, мо вобастагии худро аз сӯзишвории истихроҷшаванда ҳанӯз ҳам нигоҳ медорем»,- гуфт Гутерриш дар паёми видеоӣ ба ҳозирин.
Антонио Гутерриш зикр кард, ки ҳашт моҳ пеш КС26 — Конфронси СММ оид ба иқлим ба поён расид — ва аз он вақт инҷониб вазифаи нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ дар ҳудуди 1,5 дараҷа зери таҳдид қарор дорад.
Гутерриш аз роҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки барои коҳиш додани партовҳои сӯзишвории истихроҷшуда неруҳоро муттаҳид кунанд ва аз кишварҳои пешрафта хост, ки ваъдаҳои худро барои маблағгузории тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба таъсири он дар кишварҳои камдаромад иҷро намоянд.
«Маро бештар он нигарон кардааст, ки мо баробари рӯ ба рӯ шудан ба ин буҳрони ҷаҳонӣ наметавонем ҳамчун ҷомеаи байналмилалӣ якҷоя кор кунем. Кишварҳо ба ҷои ба уҳда гирифтани масъулият барои ояндаи дастҷамъонаи мо бозии айбдоркуниро идома медиҳанд. Мо наметавонем дар ҳамин руҳия корро идома диҳем»,- гуфт Дабири кулли СММ.
Акс: СММ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






