Дар Бадахшон аввалин нақби мошингузар бунёд шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Ф (аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаихумб) аввалин нақби мошингузар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи деҳаи Ширговад сохта шуд, ки он рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории сокинони мамлакат қарор дода мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази таҷдиди лоиҳаи роҳи Душанбе-Чанок» Зафар Раҳимов хабар медиҳад.
«Параметрҳои асосии нақби мошингузар дарозӣ – 364 метр, паҳноӣ – 11 метр, қисми мошингузар — –2 х 3,5=7 метр, роҳҳои пиёдагард – 2 х 1,5=3 метр; ҷуйборҳо 2 х 0,5=1 метр, баландӣ – 7 метрро ташкил медиҳад. Нақби сохташаванда аз ду тараф бо доштани роҳи пиёдагузар, имконият ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва афзалият додан ба сохти меъмории замонавӣ аз дигар нақбҳо бартарӣ дорад», — тазаккур дод Зафар Раҳимов.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 октябри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида, як қатор корҳои иловагӣ амалӣ шудаанд, ки сохмони нақби мазкур аз зумраи онҳо мебошад. Корҳои нақбканӣ дар нақби мазкур 14 июни соли 2021 оғоз гардида, айни замон оид ба чароғонкунии нақб корҳо идома доранд ва рӯзҳои наздик пурра ба анҷом расонида шуда, нақб мавриди истифода қарор мегирад.
АКС: Маркази таҷдиди лоиҳаи роҳи Душанбе-Чанок








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






