Дар Донишгоҳи давлатии Данғара давраи омӯзишии тарроҳӣ ва либосдӯзии замонавӣ оғоз гардид

Июль 6, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 4 июл ва давоми ду ҳафтаи баъдӣ даҳ омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД) тарроҳӣ ва дӯхти пероҳан ва шими мардонаро меомӯзанд. Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои лозимаи андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либосҳо таълим дода мешавад. Дар анҷоми давраи омӯзишӣ — 16 июли соли равон ба иштирокдорони он гувоҳномаи иштирок ва хатми бомуваффақи онро месупоранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) иттилоъ медиҳад.

Давраи омӯзишӣ барои муррабиён дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор мешавад. Ин давраи омӯзишӣ дар Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳамкории наздик бо ин донишгоҳ баргузор мегардад. Ин нахустин давраи омӯзишиест, ки Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ — ибтикори навтарини муштараки МТБ ва ДДД, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GTEX таъсис ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст, мизбонӣ мекунад.

Давраи омӯзишӣ қолабсозиву таҳияи либос ва дӯхтании онро дар амал фаро мегирад. Иштирокчиёни он қолабсозӣ ва тарзи дӯхтани гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ меомӯзанд ва тарроҳиву дӯхтани гуногуни пироҳанҳо ва шимҳои мардонаро таҷриба мекунанд.

Мурабии давраии омӯзишӣ Манучеҳр Шарифов мегӯяд: «Донишҳоеро, ки иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ аз бар мекунанд, ба онҳо имкон медиҳанд, то раванди қолабсозиву либосдӯзиро замонавӣ карда, дар истеҳсоли инфиродӣ ва умумӣ истифода баранд».

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиёнаш имконияти фавқулодае барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзиро фароҳам меорад, ки онҳо баъдан ин донишҳоро ба шогирдону ҳамкорон ва дигар ашхоси ҳавасманд интиқол хоҳанд дод. Интизор меравад, хатмкардагони ин барнома дар Маркази омӯзишӣ — таълимӣ оид ба дӯзандагии Донишгоҳи давлатии Данғара, ки ҳамин нав аз ҷониби МТБ муҷаҳҳаз гардонида шуд, давраҳои омӯзишӣ баргузор намоянд».

Маркази омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар Данғара сеюмин марказ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби МТБ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар таъсис ёфтааст. Чунин Марказҳо дар Душанбе, Хуҷанд ва Данғара ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро мебозанд ва барои таъмини соҳа бо нерӯи кории таҳсилдида мусоидат мекунанд.

АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ

Июль 6, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатти интиқоли барқи 500 кВ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе дар мавзуи «Баробарӣ ва тавонмандсозии гендерӣ: дурнамои рушди муосир» ҳамоиш баргузор гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардиданд
Дар вилояти Хатлон кишти пунбадона оғоз гардид
15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон. Дар бозорҳои истеъмолӣ 35 тонна маҳсулоти бесифат нобуд карда шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба маблағгузории «сабз» баррасӣ гардид
Дар масири Душанбе-Бишкек нахустин парвози мустақим анҷом дода шуд
Ширкатҳои чинӣ барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ҷайҳун рӯнамо пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир хостори таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гардиданд
Барномаи маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд