Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ихтисосҳои нав роҳандозӣ гардиданд

Июль 14, 2022 13:57

ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар зинаи бакалаврият, шуъбаи рӯзона ихтисосҳои «Иқтисодиёти рақамӣ», «Системаҳои муҳофизатии иттилоот» ва дар зинаи таҳсилоти магистратура ихтисоси «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод)» -ро ба рӯйхати ихтисосҳо оид ба пешбурди фаолияти таълимӣ ворид намуд. Дар ин бора муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорат  оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов иттилоъ дод.

«Бо ҷорӣ намудани ин ихтисосҳои нав тасмим гирифтем, ки мутахассисони варзидаро дар самти беҳтар гардонидани фазои тиҷорат омода намоем. Зеро бо пешрафти илму техника ҷаҳони иқтисод низ бомаром тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир бо дарназардошти тағйирёбии авзои иқтисодию сиёсии ҷаҳон нақши технологияҳои муосир ва навгониҳои электронию рақамӣ дар идоракунии давлатӣ  бештар меафзояд. Технологияҳои навтарин метавонанд самаранокии истеҳсолот ва равандҳои тиҷоратро баланд бардоранд ва  баробари ворид шудани технологияҳои нав ба тамоми самтҳо соҳаҳои нави фаъолияти инсон метавонанд тағйир ёбанд», — иброз дошт Саймаҳмуд Саидов.

Дар ҷараёни нишаст тазаккур дода шуд, ки соли равон мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2022 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид