Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид

Июль 16, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, аъзои ҳайати Шӯро, раисони Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Ширин Амонзода иброз намуд, ки соҳаи ҳунармандӣ парвардаи даврони Истиқлолияти давлатӣ  буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва сол то сол рушд меёбад.

Гуфта шуд, ки аз оғози соли 2020 бо муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати соҳа ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вогузор гардидааст.


Дар як соли охир ҷиҳати ба низом даровардани соҳа ва муайян кардани самти сиёсат аз ҷониби вазорат санадҳои зиёди меъёрӣ ва ҳуқуқӣ омода ва аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расида, мавриди корбарии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади эҳё ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ ҳамчун соҳаи таъмини шуғли пурмаҳсул дар деҳот ва рушди сайёҳӣ соли гузашта 47 «Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир» дар назди муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо фарогирии 94 воҳиди корӣ таъсис дода шуданд. Аз 47 маркази таъсисдодашуда ба ВМКБ — 1, вилоятҳои Суғд — 15, Хатлон — 16, шаҳри Душанбе — 6 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 9 адад рост меоянд, ки аз рӯйи 50 касбу ҳунарҳои миллӣ ва муосир шунавандагонро ба курсҳои кӯтоҳмуддати 1, 2 ва 3-моҳа ба омӯзиш ҷалб менамоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 6752 нафар ҳунармандон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 адад ба ВМКБ, 1636 адад ба вилояти Хатлон, 3983 адад ба вилояти Суғд, 828 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 адад ба шаҳри Душанбе рост меоянд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

Июль 16, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд