Дар Душанбе лоиҳаи «такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва роҳбари лоиҳаи (STEM) Шин Лонг лоиҳаи панҷсолаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» (STEM)-и солҳои 2023-2028 татбиқшаванда муҳокима гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
«Мавзӯи лоиҳаи STEM хеле аҳамиятнок буда, ба афзалияти аз ҳама асосии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тавсияи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷавобгӯй аст. Аз тарафи дигар, таҳия ва иҷрои чунин лоиҳа дар масъалаи ба ҳаёт татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (ё ба истилоҳи байналмилалӣ STEM) кумак мерасонад. Инчунин лоиҳаи мазкур ба афзалияти нави иқтисодиёти миллии кишвар, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон муайян шудааст, яъне саноатикунонии кишвар ва эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хеле мувофиқ аст», — зикр гардид зимни суҳбат.
Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи «Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна» (STEM) дар истифодаи васеътари усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, аз ҷумла равиши илмӣ-технологӣ ва муҳандисию риёзӣ ва беҳтар намудани сифати инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар системаи маориф ва илм мусоидат мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






