Дар Ҳисор машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як рӯз дар саҳро» баргузор гардид
ҲИСОР, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони ду кишвари ба ҳам дӯст — Беларус ва Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як рӯз дар саҳро» доир гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршоҳ Зеваршоев, муовини раиси шаҳри Ҳисор Нусратулло Аюбзода ва сардори ҶСП «Агротехсервис» Ҷалолиддин Нуралиев иштирок намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.
Меҳмонону роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ, ки бо иштироки намояндагони хоҷагиҳои ғаллапарварии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ба номи Латиф Муродов машварати намоиширо доир намуданд, ҳамчунин аз корхонаи истеҳсолии «Агротехсервис» дидан намуда, бо техникаю мошинолотҳои замонавии соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.
Дар доираи кори амалии семинар аз ҷониби мутахасисони Ҷумҳурии Беларус намоиши техникаи ғалладарави GS 200 истеҳсоли корхонаи «GOMSELMASH» ва тарзи истифода намудани он барои ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки чорво намоиш дода шуд. Техникаи мазкур нисбат ба комбайнҳои ғалладарави қаблӣ хурдтар буда, барои истифода дар заминҳои хурду талу теппаҳо ва доманакӯҳ муфид мебошад.


Тибқи иттилои ихтирокорони беларусӣ, ин намуд комбайн дар корхона ҳамагӣ ду адад истеҳсол шуда, як ададаш ба Тоҷикистон оварда шудааст ва дуюмаш дар Беларус мавриди санҷиш қарор дорад. Техникаи мазкур аз ҷиҳати хароҷоти сӯзишворӣ ва сифатнокии ҷамъоварии зироатҳо нисбат ба техникаҳои қаблӣ бартариятҳои зиёд дошта, идоракунии он тариқи дастгоҳҳои замонавии электронӣ роҳандозӣ шудааст.
Иштирокчиёни машварат ба зарфиятҳои техникии комбайни нав баҳои баланд дода, истифодаи онро барои шароити Тоҷикистон манфиатовар маънидод карданд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳамкории тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар густариш меёбанд.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус ва иҷрои супориши Сарвари давлат ҷиҳати пурра ба таври механикакунонӣ гузаронидани сохтори кишоварзӣ ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии техника ва мошинолоти кишоварзии кишварҳои ҷаҳон, бахусус Ҷумҳурии Беларус таҳким меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






