Дар Ҳисор машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як рӯз дар саҳро» баргузор гардид

Июль 7, 2022 15:49

ҲИСОР, 07.07.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони ду кишвари ба ҳам дӯст —  Беларус ва Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор машварати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Як рӯз дар саҳро» доир гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко, муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Зеваршоҳ Зеваршоев, муовини раиси шаҳри Ҳисор Нусратулло Аюбзода ва сардори ҶСП «Агротехсервис» Ҷалолиддин Нуралиев иштирок намуданд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси  шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Меҳмонону роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ, ки  бо иштироки намояндагони хоҷагиҳои ғаллапарварии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав ва Рӯдакӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ба номи Латиф Муродов машварати намоиширо доир намуданд,  ҳамчунин  аз корхонаи истеҳсолии «Агротехсервис» дидан намуда, бо техникаю мошинолотҳои замонавии соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Дар доираи кори амалии семинар аз ҷониби мутахасисони Ҷумҳурии Беларус намоиши техникаи ғалладарави GS 200 истеҳсоли корхонаи «GOMSELMASH»  ва тарзи истифода намудани  он  барои ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки чорво намоиш дода шуд. Техникаи мазкур нисбат ба  комбайнҳои ғалладарави қаблӣ  хурдтар буда, барои истифода дар заминҳои хурду талу теппаҳо ва доманакӯҳ муфид мебошад.


Тибқи иттилои ихтирокорони беларусӣ,  ин намуд комбайн дар корхона ҳамагӣ ду адад истеҳсол шуда, як ададаш ба Тоҷикистон оварда шудааст ва дуюмаш дар Беларус мавриди санҷиш қарор дорад. Техникаи мазкур аз ҷиҳати хароҷоти сӯзишворӣ ва сифатнокии ҷамъоварии зироатҳо нисбат ба  техникаҳои қаблӣ бартариятҳои зиёд дошта, идоракунии он тариқи дастгоҳҳои замонавии электронӣ роҳандозӣ шудааст.

Иштирокчиёни машварат ба зарфиятҳои техникии комбайни нав баҳои баланд дода, истифодаи онро барои шароити Тоҷикистон манфиатовар маънидод карданд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳамкории тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар густариш меёбанд.

Дар доираи ҳамкорӣ  бо Ҷумҳурии Беларус ва иҷрои супориши Сарвари давлат ҷиҳати пурра ба таври механикакунонӣ гузаронидани  сохтори кишоварзӣ ҳамкорӣ  бо ширкатҳои истеҳсолии техника ва мошинолоти кишоварзии кишварҳои ҷаҳон, бахусус Ҷумҳурии Беларус таҳким меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 7, 2022 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»