ДАР ЛАХШ ПЕШ АЗ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ БАРОИ ОМӮЗГОРОН КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДОИР КАРДА МЕШАВАД. Роҳбарияти ноҳия пешниҳоди хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»-ро пазируфт
ЛАХШ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Лахш кӯҳистон буда, масофа миёни баъзе ҷамоатҳои деҳоташ то 100 километр дурӣ дорад. Аз ҳамин сабаб барои 1019 нафар омӯзгорони ноҳия мушкил аст, ки пеш аз оғози соли нави таҳсил аз ҳисоби худ аз нуқтаи назари табибон гузашта, дафтарчаи тиббӣ омода намоянд.
Аз ин хотир Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода пешниҳоди хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмудро ҷиҳати гузаронидани корвони саломатӣ барои омӯзгорон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва пеш аз оғози соли нави таҳсил бо дафтарчаи тиббии санитарӣ таъмин гардидани омӯзгоронро қабул намуда, ба роҳбарияти сохтори тандурустии ноҳия барои сари вақт гузаронидани корвони саломатии омӯзгорон супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия Файзулло Баротзода зикр намуд, ки ҳаҷми умумии даромади кишоварзии ноҳияи Лахш дар шаш моҳи соли равон 32 миллиону 997 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба гуфти Раиси ноҳия, соли равон картошкапарварони ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасон, наздиҳавлигӣ ва заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони умумии 5402 гектар картошка кишт намудаанд, ки айни замон нашъунамои хуб дорад.
Дар нишаст зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии соҳибкорону кишоварзон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон», шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 1001 нафар сокинони ноҳия 10 миллиону 330,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






