Дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ кушода мешавад

Июль 29, 2022 14:36

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафриёт ҷиҳати баррасии вазъи радиатсионии табиӣ дар минтақа аз ҷониби экспедитсияи Помир-Чақалтай идома меёбад ва умед ба он мебандем, ки сатҳи зиёнҳои радиатсионии минтақа ба аҳолӣ мавриди пажӯҳиш қарор бигирад. Аз ин хотир ба наздикӣ дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ кушода мешавад, ки ҳадафи он насби таҷҳизоти муосири озмоишист. Дар замони муосир бидуни таҷҳизоти навин озмоишгоҳҳои илмӣ натиҷа намедиҳанд, иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи Ф. Раҳимӣ, аксар олимони тоҷик дар айни замон дар экспедитсияҳои таҳқиқотӣ қарор доранд. Дар масъалаи ҳафриёт бояд тазаккур дод, ки дар ҳафриёти Карон бозёфтҳои нодир дастрас шуданд ва бостоншиносон дар Фархор, Кангурттут, Тахти Сангин ва соири манотиқи кишвар ҳафриёти илмӣ анҷом медиҳанд.

Дар нишаст зикр шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2022  олимони  Академияи миллии  илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 111 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо 10  нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ  ба даст оварда шуд.

Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Астероидҳои наздизаминии дорои табиати кометавӣ ошкор карда шуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳал кардани масъалаҳои хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ муҳим мебошанд.

Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки ба ошкор намудани ҷойи пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.

Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи миллии  илмҳо 10  нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 шаҳодатномаи  бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ  ба даст оварда шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

Июль 29, 2022 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад