Дар шаш моҳи соли 2022 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 269 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 38 медали тилло, 43 медали нуқра ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
«Муаррифии варзиши тоҷик дар сатҳи ҷаҳон ва дарёфту омода намудани варзишгарони касбии сатҳи баланд тавассути баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Дар ин давра бо ташаббуси Кумита 49 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии варзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 5127 нафар, аз ҷумла 1044 нафар бонувон иштирок намуданд»,- гуфт дар идома Абдулло Раҳмонзода.
Зикр шуд, ки дар доираи марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1715 марҳилаи мусобиқаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 235 мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки дастаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дастурамали марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади омодагии ҷиддӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии ҷудо, таэквондо ВТФ, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, юнонӣ-румӣ ва қаиқронӣ нақшаи сеҷониба барои маблағгузорӣ ба имзо расонида шуда, дар асоси он варзишгарони дастаи мунтахаб аз рӯи намудҳои афзалиятнок ба чорабиниҳои байналмилалӣ сафарбар карда шуданд.
Дар асоси ин нақшаҳо 295 нафар варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои таълимию варзишӣ берун аз кишвар сафарбар гардида, дар ҳаҷми 609 ҳазору 851 сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд.
Ҳамзамон 1531 нафар варзишгарони мамлакат имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалте, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардиданд, иштирок намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд






