Дар Швейтсария тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) нишасти асосии Гурӯҳи Электорат баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Нишасти мазкурро раиси Шӯрои мудирон ва ҳамзамон раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан, директори ХБА хонум Кристалина Георгиева, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Гурӯҳи Электорат ва ҳозирин бештар дар атрофи омилҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва таъсири онҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, низоми молиявӣ ва тиҷорат, рушди устувор, беҳтар кардани сатҳи накуаҳволии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳозирин ҳамзамон масоили таъсири кишварҳои ҷудогона ба иқтисоди ҷаҳонӣ, интизориҳои таваррумӣ ва роҳҳои пешгирӣ кардани хавфҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар нишасти Гурӯҳи Электорати ХБА Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъсири омилҳои беруна ба устувории молиявӣ ва низоми бонкӣ, лаппишҳои қурбӣ ва хавфҳои асъорӣ сухан намуд.
Ҳоким Холиқзода Гурӯҳи Электоратро барои ҳамкории самаранок ва дастгирии кишварҳои узви Электорат миннатдорӣ намуда, изҳори умед намуд, ки мулоқоти мазкур барои тақвияти ҳамкории судманди тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Мавсуф аз Гурӯҳи Электорат барои доир кардани Ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.
Гурӯҳи Электорати ХБА имсол 30-солагии худро таҷлил мекунад. Чун қоида, аъзои Гурӯҳи Электорати Бреттон Вудси Швейтсария ҳар ду сол берун аз ҷаласаҳои муқаррарии мудирони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар як кишвари ҳавза ҷамъ меоянд. Дар баробари Швейтсария ба ин гурӯҳ Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил мебошанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид






