Дар Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар/. Раванди обшавии пиряхҳоро дар Тоҷикистон наметавон бозгардонд. Дар ин бора дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд. «Илоҷи ҷилавгирӣ аз обшавии пиряхҳо вуҷуд надорад, аммо бо шинонидани дарахтон ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ оқибатҳои ин офатро метавон коҳиш дод», — иброз дошт 13 июл муовини аввали Раиси Кумита Зарафо Қиёмзода (ДАР АКС) зимни нишасти матбуотӣ.
Дар 30 соли охир Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхро аз даст додааст. Ин рақамҳоро муовини аввали раиси Вазорати энергетикаи кишвар Ҷамшед Шоимзода оварда буд.
«Дар давоми се даҳсолаи охир мо бисёр пиряхҳои хурдро аз даст додем. Ин барои мо натанҳо таъмини оби ошомиданӣ, балки манбаи неруи барқ ҳам аст», — зикр кард Шоимзода.
-Вобаста ба ин, минтақа баъзан бо мушкилоти ҷиддӣ натанҳо дар соҳаи энергетика, балки дар бахши кишоварзӣ низ рӯ ба рӯ мешавад,- гуфт муовини Вазир дар Конгресси байналмилалии «Гидроэнергетика. Осиёи Миёна ва Каспий».
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти Тоҷикистон дар бунёди сарбандҳо ба ҷамъоварии захираҳои об натанҳо барои ниёзҳои кишвар, балки барои амнияти тамоми минтақа нигаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки барои нахустин бор соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд. Зимни суханрониашон моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






