Дар Восеъ барои ду соли оянда маҳсулот захира менамоянд

Июль 10, 2022 09:36

ВОСЕЪ, 10.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ бо мақсади захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ ва меваю сабзавот барои ду соли оянда хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандон ҳосили якумро ҷамъоварӣ намуда, ба ғундоштани ҳосили дуюм ва мева шуруъ намуданд.

Тавре муовини аввали раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ Рустам Фақирзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол дар ноҳия ҳосили ғалла ва ғалладонагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида афзоиш ёфта, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар як гетар замин аз 40 то 45 сентинерӣ ғалла ба даст оварданд.

Дар ин самт кори хуби идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияро ба инобат гирифтан мумкин аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонистанд бо оби полезӣ таъмин гарданд ва ҳосили фаровон ба даст оранд. Бо таъмини саривақтии оби полезӣ деҳқонон обчакорӣ, сабзавоткорӣ ва зироатҳои полезиро ба роҳ монда, айни ҳол ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ намуданд. Ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ду ва ё се ҳосил ба даст оварданианд.

Дар ноҳия деҳқонон дар самти боғдорӣ низ заҳмат кашида, ба ҷамъоварии мева камар бастанд. Дар аксар ҷамоатҳои деҳот занҳои меҳнатдӯст ба ҷамъоварии мева машғул буда, онро ғундошта, консерваҳои хонагӣ ва шарбат омода месозанд. Яке аз онҳо Маҳтобӣ Суфиева мебошад, ки дар деҳаи Ғелоти ҷамоъати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад.

Ў дар шаш садяк замин ҳама намуди сабзавотро парвариш менамояд ва захираи хўрокаи аҳли оилаашро ҳамасола таъмин менамояд. Дар қитъаи заминаш ду се намуди зироатро якҷоя мешинонад ва бо навбат ҳосилашро ҷамъоварӣ мекунад. Имсол аллакай картошкаю пиёз барои захираи зимистонро анҷом дода, ба ҷои онҳо дигар намуди зироат коридааст.

Тавре Маҳтоббӣ Суфиева гуфт, имсол дарахтони заминаш низ серҳосиланд. Дарахтон вобаста ба шарити иқлими минтақа мутобиқ интихоб ва шинонида шудаанд. Аз меваи онҳо нўшобаю афшура омода менамоянд.Маҳтобӣ Суфиева серташвиш аст ва бо истифода аз шароити мусоид кушиш дорад ҳар чи бештар консерва тайёр намояд.

Дар ин кор ба ӯ духтарон ва келинҳояш кӯмак мерасонанд. Қоидаи маҳкам кардани банкаҳоро медонад ва аз ҳар намуди мевагӣ алоҳида нӯшобаю афшура омода мекунад.

Маҳтоббӣ Суфиева мегўяд аз соли гузашта захираашон боқӣ мондааст ва имсол бошад аз соли гузашта зиёдтар захира мекунем. Ҳосили ғаллаю дигар зиратҳои барвақтиро аз хоҷагии деҳқониашон ҷамъоварӣ карда, кишти такрорӣ гузаронидаанд. Захираи дусолаи оила қариб таъмин шудааст ва то охири мавсим захиракуниро идома медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад