Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад

Июль 5, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Узбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

14, 15 ва 17 июл дар Ҷиззах бозиҳои дӯстона миёни футзалбозони Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дастаи футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов  7 июл дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Баҳрайн (27 сентябр), Узбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.

Акс: ФФТ

Июль 5, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд