Дилмурод Давлатзода: Нафақаи баланд аз рӯи маоши баланд таъйин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши баланд гирад, ба ӯ нафақаи баланд дода мешавад. Аз ин рӯ барои гирифтани нафақаи баланд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва СИН-и шахс ворид карда мешавад.. Ин барнома тамоми фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъйин мекунад.
Дар ин бора 22 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
Ба гуфти мавсуф, «дар ҷумҳурӣ солҳои пеш нафақаи кормандони корхонаҳои саҳомӣ ва хусусӣ зиёд буд. Аммо, мутаассифона, солҳои охир бо ворид гардидани баъзе тағйирот ба қонунгузорӣ нафақаи ин кормандон паст карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар давраҳои пеш нафақаи баландтаринро кормандони бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Ба монанди баъзе кормандони бонк, ки музди меҳнаташон баланд буд ва то 18-19 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Имрӯз низ нафақахӯроне ҳастанд, ки нафақаи баландтарини то 22-25 ҳазор сомонӣ мегиранд».
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки «соли гузашта лоиҳаи шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тасвиб расид. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия расман ба фаъолият машғуланд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд. Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Агар як қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад».
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра ҳамкорӣ дар доираи созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, вусъат ёфтааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






