Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 1000 нусха китоб тақдим намуд

Июль 25, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев 1000 нусха китоб туҳфа гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

500 адад китоби туҳфашударо китобҳои тозанашри олимони донишгоҳ ташкил намуда, 500 нусхаи дигар аз ҷониби нашриёти «Адиб» интишор шудаанд. Китобҳои мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба мутолиаи китоб тақдим гардиданд.

Тавре  ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, «китобҳои туҳфашуда бевосита барои омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» мусоидат менамоянд».

Зикр шуд, ки китоб махзани арзишманди беназир ва муҳимтарин василаи шинохту омӯзиши илму фанни замон, дар маҷмӯъ тамаддуни башарӣ буда, барои нигоҳ доштан ва ба насли оянда гузоштани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Дар ин замина зарур аст, ки ҷалби васеи донишҷӯёну толибилмонро ба китобхониву оммавигардонии мутолиаи китоб ба роҳ монда, дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат фарҳанги китобхониву китобдории миллати тоҷикро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Июль 25, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид