ДЗЮДО. Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Бангкок соҳиби ду ҷои панҷум гардиданд

Июль 22, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Чемионати Осиё миёни ҷавонон, ки 20-21 июл дар пойтахти Тайиланд — шаҳри Бангкок баргузор шуд, ширкат варзиданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2002-2007 аз рӯи 14 вазн (бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг, -70кг, -78кг, +78кг; мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг ва +100кг иштирок карданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар чемпионати мазкур 163 варзишгар аз 15 кишвари қораи Осиё миёни ҳам маҳорату малака санҷиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 3 варзишгари шинохта – Суруш Эркаев дар вазни то 60кг, Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов- ҳарду дар вазни то 81кг намояндагӣ карданд.

Дар рӯзи аввали сабқатҳо дар вазни то 60 кг Суруш Эркаев баромад кард ва бо шикаст додани рақибонаш ба гирифтани нишони биринҷӣ наздик буд. Барои ба даст овардани нишони биринҷии вазни то 60 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Суруш Эркаев аз варзишгари муғул Мандсайхан Нйамсурен бо имтиёзи иппон шикаст хӯрд ва дар чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба ба гӯштини дзюдо мақоми 5-умро соҳиб шуд. То ба ин марҳила расидан варзишгари кишвари мо Алҳассан Сугҳаййир аз Арабистони Саудӣ, Каттион Фуинои аз Тайланд ва Нурканат Серикбайевро шикаст дода буд.

Дар рӯзи дуюми чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар шаҳри Бангкок ду варзишгари тоҷик — Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов- ҳарду дар вазни то 81 кг баромад карданд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81 кг бо шикаст додани ҳарифон то ба даври тасаллобахш рафта, дар идома ноком шуд.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то -81 кг бо шикаст додани Парвендер Парвенд аз Ҳиндустон ба марҳилаи ¼-ниҳоии мусобиқаи Осиё миёни ҷавонон баромад. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ — Муҳаммадҷон аз варзишгари кореягӣ Парк Ҷун Ҳйун мағлуб шуду ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то -81 кг дар даври тасаллобахши Чемионати Осиё -2022 ба муқобили Албарак Халед аз Кувайт ғалаба ба даст овард ва дар рақобати дигари ин давр аз варзишгари муғул Тумурсанаа Ренчиндорӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Сунатулло Лоиқов дар даври аввали рақобатҳо бо варзишгари Тайпеи Чин – Ли Вей Сун рӯи татамӣ мубориза бурд. Дар сонияҳои охири рақобат Сунатулло бо имтиёзи иппон ба муқобили ин варзишгари таҷрибадор зафар ёфт ва ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқаи Осиё миёни ҷавонон оид ба гӯштини дзюдо роҳ ёфт. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Сунатулло аз варзишгари қирғиз Алмазҷан Уулу мағлуб шуд ва ба даври тасалобахш рафт.

Сунатуло Лоиқов дар вазни то -81 кг дар даври тасаллобахши Чемпионати Осиё -2022 ба муқобили Алҳаҷрӣ Муҳаммад аз Арабистони Саудӣ музаффарият ба даст овард ва барои ба даст овардани нишони биринҷии мусобиқа аз варзишгари қазоқ Мейрлан Максим мағлуб гардида, зинаи 5-умро ишғол кард.

Ҳоло дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки аз 10 то 13 августи соли равон дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

 

Июль 22, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд