ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат дар татбиқи ин тарҳи бузург бесобиқаанд

Июль 22, 2022 10:27

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфи солҳои гузашта тадбирҳои муҳим андешида  шуданд, минҷумла бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд, ки яке аз онҳо — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми тоҷик ва авроқи таърихи мамлакат зудуда нахоҳанд шуд.

Дар пайравӣ ба гуфтаҳои болозикр дар зер мақолаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҷаҳонгир САЪДИЗОДА пешкаш мегардад, ки бо суханони зерини Президенти мамлакат оғоз ёфтааст:  

«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!».

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастовард ва таҷаллии ормону нияти ҳазорсолаи миллати тоҷик ба шумор меравад. Воқеан, ин муваффақияту музаффарияти миллӣ мояи  ифтихор ва фараҳмандии ҳар сокини кишвар мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба халқи шарифи Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин радиф ба комёбиҳои арзишманд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардад.

Дар саргаҳи эълом ва сипас татбиқу ташаккули олитарин андешаҳои давлатдории навини кишвари соҳибихтиёрамон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтаанд.

Мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ ва рӯшану чароғон намудани хонаву кошонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, дар ин соҳа ба дастовардҳои бузург муваффақ гардид.

Ҳамчунин бо ташаббусу фаъолияти Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи кишвар бартараф гардида, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ, ислоҳоти амиқи иҷтимоию иқтисодӣ поя гузошта, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёти кишвар ҳамчун ҳадафҳои асосии стратегӣ муайян карда шуданд.

Мусаллам аст, ки рушду тараққии иқтисодиёти кишвар ба неруи барқ алоқаи  мустаҳкам дошта, баҳри ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини аҳолӣ бо неруи арзону аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқ ва афзудани иқтидори энергетикӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар қадамҳои устувор гузошта шуд, ки дар натиҷа сохтмон ва ба истифода додани якчанд иншооти бузурги истеҳсоли неруи барқ рӯйи кор омад.

Сохтмон ва мавриди истифода қарор додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз дастовардҳои бисёр ҳам муҳимму арзишманд барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон буда, дар ояндаи наздик сабаби  расидани Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад шуд.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.

Бидуни шак метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “Роғун” буда, барои бо сифати баланд ва дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ба итмом расонидани он 14 маротиба сафари хидматӣ анҷом додаанд.  Сафарҳои саршор аз ғамхориву муҳаббати Сарвари давлат ба ин арсаи нангу номуси миллат ҷиҳати сари вақт ба итмом расонидани ин сохтмони аср, рӯҳбаланд намудани масъулину коргарон ва умед барои ояндаи дурахшони Ватан мусоидат менамоянд.

Бавижа, 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардид. Дар ин раванд Роҳбари давлат бо ҳисси баланди ватандорӣ, ҷасорат ва ҳамчун Пешвои тоҷикон худ савори булдозер шуда, аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон арсаи нангу номус ва кафолати ояндаи дурахшон аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

16 ноябри соли 2018 барои мардуми кишвар рӯзи шодиву нишот ва хурсандиву саодатмандӣ маҳсуб мешавад, зеро дар ин рӯзи фархунда агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мардуми Тоҷикистонро ба ин муносибат табрик карда, иброз намуданд: “Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки неругоҳи “Роғун” – ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем. «Роғун» баъди пурра ба кор даромадани он боргоҳи бузурги нуру гармӣ мешавад, орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд”.

Зимнан, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор оғоз намуд, ки ин рӯйдоди хотирмон дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвар буд. Дарвоқеъ, сохтмон ва ба истифода додани агрегатҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” собит намуд, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама кору пайкор қодир мебошад. Маҳз иродаи қавӣ, шуҷоату матонат, ҷасорату азхудгузаштагии Пешвои миллат буд, ки мо ба ин рӯзҳои неку саодатманд расидем.

Дар ин асно як нуктаро зикр намудан лозим аст, ки ояндаи Тоҷикистони азиз дурахшон аст, чунки кишвари мо аз лиҳози стратегӣ, обу хок ва табиати нотакрор дар минтақа аз ҷойгоҳи хос бархурдор аст. Сарзамини мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, яке аз сарчашмаҳои асосии барқароршавандаи неруи барқ ва истеҳсоли “энергияи сабз” маҳсуб мешавад. Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Ҳеҷ гоҳ аз хотири миллат зудуда нахоҳад шуд, ки новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, авҷи низоъҳои минтақавӣ, ҷорӣ намудани маҳдудияту таҳримҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавию иродаи мустаҳкам барои сохтмони  аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” талошҳои хастагинопазир намуданд ва ин неругоҳ барои тамоми ҳаммеҳанонамон ба майдони нангу номуси миллӣ табдил ёфта, мардуми Тоҷикистон хусусан сохтмончиёну муҳандисон, коршиносону мутахассисон баҳри давра ба давра ба анҷом расидани неругоҳ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ кӯшиш намуда истодаанд.

Баъди анҷоми ин сохтмони аср дар баробари таъмини пурраи мамлакат бо қувваи барқ, қисми зиёди барқи он низ барои содирот ба кишварҳои ба неруи барқ ниёзманди минтақа хидмат хоҳад кард, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин давлатҳо низ мусоидат менамояд.

Дар сафари навбатии худ 13 июли соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо сохтмончиёну муҳандисон ва дигар ашхоси масъул мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дода, иброз намуданд, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳо ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъйиноти истеҳсолӣ, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодааст, вале новобаста аз ин, азми мо ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони   Неругоҳи барқи обии “Роғун” қатъӣ мебошад.

Ҳақиқатан ин паёми Сарвари давлат бори дигар мардуми кишварро ба ҳаёти осоишта, рушду инкишофи иҷтимоиёту иқтисодиёт ва ба пешрафти соҳаҳои мухталифи миллӣ умедвор намуд.

Он рӯз дур нест, ки бо ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои миллат, бо заҳмати содиқонаи халқ марҳила ба марҳила ин сохтмони аср ба итмом расида, Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар такони нав хоҳад дод ва Тоҷикистони азиз ба давлати неруманду пешрафта мубаддал хоҳад шуд.

Ҷаҳонгир САЪДИЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсент

ДАР АКС: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми НБО «Роғун», 16 ноябри соли 2018, шаҳри Роғун. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2022 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад