Хадамоти зиддиинҳисорӣ омилҳои асосии болоравии нархи маҳсулотро дар бозорҳои мамлакат шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сабабҳои асосии болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат дар он аст, ки бисёре аз давлатҳои хориҷӣ барои содир намудани маҳсулоти худ маҳдудият ҷорӣ намудаанд. Инчунин дар баъзе кишварҳои воридкунандаи маҳсулот болоравии нарх ба назар мерасад. Ин матлабро муовини Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти мабуотӣ баён дошт.
«Таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо ба ҳолати имрӯза нишон медиҳанд, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандагони калидии маҳсулоти орд ва гандум ба ҷумҳурии мо маҳсуб мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245 – 250 доллар то ба 380-405 доллар афзоиш ёфтааст»,- илова кард Сафаралӣ Қурбонзода.
Номбурда иброз дошт, ки соли 2022 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 55 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад ва аз ҷониби онҳо ба ҷумҳурӣ 374,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,3 млн доллар бо нархи миёнаи 319 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 227,5 ҳазор тонна орд истеҳсол гардидааст».
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки ҷараёни мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон додааст, ки аз охирҳои моҳи майи соли 2022 коҳишёбии нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид. Вале, сӯзишвории дизелӣ аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ тамоюл ба болоравиро касб намудааст.
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба ҷумҳурӣ 352,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи 283,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 804 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,4 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбати ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 247 доллар ё ба андозаи 44,3 фоиз баланд гардидааст.
Соли 2022 ба ҷумҳурӣ 352,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, ба маблағи 283,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 804 доллар ворид гардидааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Русия 88,2 фоиз, Туркманистон 5,8 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 3,1 фоиз, Ҷумҳурии Узбекистон 1,2 фоиз, Ҷумҳурии Беларус 0,6 фоиз, Ҷумҳурии Озарбойҷон 0,2 фоиз ва боқимонда 0,8 фоиз аз дигар давлатҳо амалӣ мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






