Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон соҳиби 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизоти тиббӣ гардиданд

Июль 16, 2022 09:19

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими навбатии тақдим гардидани 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 2 нақлиёти рефережатор, маникенту фантомҳо барои тибби оилавӣ, таҷҳизоти компютерӣ, ноутбук ва планшетҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои борхалтаҳои тиббӣ, маводҳои иттилоотӣ, маҷмўи дастурҳои клиникӣ ва дастурамалҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, зимни тақдими нақлиётҳо ва таҷҳизоти тиббӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандуруст иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш аз ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз дастгириҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва татбиқ гардидани Лоиҳаи «Беҳтарнамудани хизматрасонии тиббӣ» қаноатманд аст.

Роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ гуфт, ки дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омодаи ҳамкорӣ дар ин самт мебошад. Мавриди зикр аст, ки қаблан дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуда буд.

Гуфта шуд, ки густариш додани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷаҳонӣ ва махсусан Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз, тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад, аз зумраи лоиҳаҳои бобарор дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин дар ин рӯз барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд фантому маникенҳо барои тақвият бахшидани базаи моддию техникии таълимӣ ба маблағи 24 930 доллар ИМА тақдим карда шуд. Қаблан чунин як маҷмуи дастгоҳҳои таълимӣ барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон дастрас шуда буд.


Имрӯз намунаи таҷҳизоти тиббие, ки барои 76 Маркази саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ, ба маблаги 381 302 доллари ИМА харидорӣ шудааст, ба иштирокчиёни ин чорабинӣ намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки аз аввали амалисозии лоиҳаи мазкур 3808 нафар кормандони тиббии сатҳи аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо давраҳои омӯзишӣ 6 моҳа, муттасил ва кутоҳмуддат фаро гирифта шуданд. Беш аз 7700 нафар аз даврҳои омӯзиши компютерӣ ва асосҳои маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият гузаштанд.

Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии тибби оилавии дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июль 16, 2022 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад