Нархи чипта барои аввалин қатора аз Тоҷикистон ба Русия эълон гардид

Июль 20, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи чиптаи қатора аз Душанбе ба Волгоград тақрибан 1,4-1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳои вилояти Хатлон Зоиршо Файзуллоев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Sputnik».

«Агар чипта як моҳ пештар харида шавад, 200-300 сомонӣ арзонтар мешавад»,-зикр кард ӯ. Ба гуфтаи Файзуллоев, рӯзҳои наздик фурӯши чиптаҳои қатора аз Душанбе ба Волгоград оғоз мегардад.

Қаблан аз маркази матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 30 август ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия роҳандозӣ мешавад. Дар ин рӯз аввалин қатора аз Душанбе ба Волгоград меравад. Мусофирон рӯзҳои сешанбе аз ин самт истифода бурда метавонанд ва бозгашт аз шаҳри Русия ба пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои ҷумъа имконпазир мешавад.

Дарозии роҳ  тақрибан 2,5 шабонарӯзро дар бар мегирад. Сафар ҳар ҳафта сурат хоҳад гирифт. Ғайр аз ин, қатора дар самти Волгоград ва Хуҷанд ҳаракат мекунад. Он тирамоҳ, 7 сентябр ба роҳ монда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ дод, ки пас аз танаффуси дусола ҳаракати қатораи мусофирбар ба роҳ монда мешавад. «Ин тасмим дар ҷараёни сафари раиси КВД РОТ ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти «Роҳи оҳани Русия» гирифта шудааст», — гуфтанд дар ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мусофирбар миёни Русия ва Тоҷикистон шурӯъ аз 16 марти соли 2020 бинобар хатари паҳншавии коронавирус муваққатан манъ гардида буд.

Акс: «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Июль 20, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд