НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Исфара ба маблағи 245 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва суръати афзоиш 142,5% таъмин гардид

Июль 18, 2022 09:12

СУҒД, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба маблағи умумии 245 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 73,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати рушди истеҳсол 142,5% таъмин гардид. Дар ин бора  зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Саъдулло Махкамов иттилоъ медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар давраи ҳисоботӣ аз нишондиҳандаҳои истеҳсолии ҷомеаҳои меҳнатии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ», «Ангишт», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Исфарафуд», «Нурфуд», «Субҳи Ватан», «Баракат Исфара», «Заводи сементбарорӣ», «Алӣ Абрикот», «Оро» ва «Шафи ТҶ», ки суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро аз 125 то 400% таъмин кардаанд, бо қаноатмандӣ ёдовар шуд.

Зикр шуд, ки дар шаҳри Исфара дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи умумии 245 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 73,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати рушди истеҳсол 142,5% таъмин гардид.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 70 млн 588 ҳазор сомонӣ 73 млн 354 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 2 млн 766 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 579 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида шуда, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар шашмоҳаи якуми имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 232 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ба 117,5 фоизи соли 2021 баробар мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 2070,8 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла дар 1226 гектар гандум, дар 26 гектар ҷав ва дар 479 гектар шолӣ кошта шуда, нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 72,7 гектар ва шолӣ 60,1 гектар афзудааст.

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»   

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Исфара

Июль 18, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд