ОБУ ҲАВО: 13 ва 14 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 ва 14 июл дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи ВМКБ омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+215 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






