Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ карданд

Июль 16, 2022 13:06

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар муассисаи таълимии мазкур баҳои баланд додаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Дар мактаби нав синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, толори хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 176 ҷойи нишаст аст.

Ҳамчунин барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд гардидааст. Дар толори варзишӣ асосан, бозиҳои волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронда мешаванд. Хонандагон имкон доранд, ки дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.

Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлис бо 260 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат хонандагон нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро аз худ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз шароитҳои муҳайёгардида дар муассисаи нав бо самар истифода бурда, ба омӯзондани дурусти барномаҳои таълимӣ ба хонандагон, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва агнлисӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг 16.07.2022

Июль 16, 2022 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд