Ректори ДДОТ Аҳлиддин Ибодуллозода: Таваҷҷуҳи духтарон ба ихтисосҳои омӯзгорӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 / АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи интихоби якум 4 ҳазору 341 нафар довталаб интихоб намудаанд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёдтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки нақшаи қабули соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ 2405 нафар мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «махсусан духтарон ҳангоми интихоби ихтисосҳо бартариро ба ихтисосҳои омӯзгории ин донишгоҳ додаанд, ки ин шаҳодати боло рафтани мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа ва таваҷҷуҳи бештари ҷавонон, хусусан духтарон ба касби омӯзгорӣ дониста мешавад».
Аҳлиддин Ибодуллозода таваҷҷуҳи бештари духтаронро ба ихтисосҳои омӯзгорӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон ва дастгирии ин қишри муҳими ҷомеа аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат арзёбӣ намуд.
Бартарии ихтисосҳои омӯзгорӣ бозгӯи нуфузи бештар пайдо намудани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон миёни довталабон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аст. Дар натиҷа имсол донишгоҳро ду баробар бештар нисбат ба нақшаи қабул довталабон интихоб намудаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омӯзгорон намерасанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ёдовар шуда, зикр кард, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Тавре вазир гуфт, «ба ҳолати 1 май дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ барои 3406 нафар пешниҳод гардида буд. Шурӯъ аз моҳи май ва баъд аз баргузории ҷаласаҳои доимии ситод 2537 нафар ба кор ҷалб шуда, айни ҳол ба 869 нафар омӯзгор эҳтиёҷ боқӣ мондааст».
АКС: АМИТ «Ховар»/манобеи боз








Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Соли 2025 беш аз 8 миллион нусха китоби дарсӣ чоп гардид
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?






