«РОҲНАМОИ КИТОБДОР». Таҳти чунин унвон аз силсилакитобҳои «Илм-фурӯғи маърифат» маводи роҳбарикунанда ба нашр расид

Июль 18, 2022 14:31

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз силсилакитобҳои «Илм-фурӯғи маърифат» (барориши 1) таҳти унвони «Роҳнамои китобдор» маводи роҳбарикунанда ба нашр расид. Ин дастури муҳимро Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбааи ҶДММ «Сифати чоп» нашр намудааст. Мураттиби китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода мебошад.

Тавре аз Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоби «Роҳнамои китобдор» роҳбалади хуб ва такмили ихтисос барои шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба мафҳумҳои асосӣ, мақсаду вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои китобхонаҳо ва муассисаҳои интишорӣ, вижагиҳои ҷамъоварӣ, коркарду ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзу нигаҳдории фонди китобхонаҳо мебошад. Ҳамчунин он ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, низоми интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ, навъҳои дигари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили оинномаву низомномаҳо, қоидаву тартибот ҷиҳати танзими фаъолияти китобхонаҳо ва муассисаҳои дигари интишорӣ мусоидат менамояд.

Маҷмӯаи мазкур имкон медиҳад, ки китобхонаҳо дар шароити нав бо назардошти  талаботи даврони соҳибистиқлолӣ ва вижагиҳои воридшавии технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ фаъолияташонро ба роҳ монанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани ин ташаббуси нек аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадбирҳои амалишаванда андешида шудаанд. Аз ҷумла, таҳия ва қабули силсилаасноди расмӣ, аз қабили қарору қонунҳои нав ва татбиқи 5 барномаи давлатӣ доир ба соҳаи китобдорӣ барои беҳтар роҳандозӣ намудани хизматрасонии китобдорӣ, мукаммал намудани захираи китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти нав, таъмини китобхонаҳо бо компютер ва дигар технологияи муосир мусоидат менамояд.

Китоби «Роҳнамои китобдор» дастури илмиест, ки имкон медиҳад китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли абстракт баромада, ба давраи нави рушд ворид шаванд. Албатта, дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат имкон медиҳад, ки ҳамасола аз ҳисоби хазинаи Президенти мамлакат барои чопи китобҳо маблағҳои махсус ҷудо гардида, китобхонаҳо соҳиби биною таҷҳизоти нав ва барои дӯстдорони адабиёт озмуну фестивалҳои китоб баргузор шаванд.

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар навбати худ маҷмӯаи минбаъдаро аз силсилакитобҳои «Илм-фурӯғи  маърифат» (барориши 2) сари вақт ва бо сифати баланд мураттаб намуда, пешкаши хонандагони нуктасанҷ мегардонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад