Шамсулло Тағоев дар Озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни донишгоҳҳои ИДМ сазовори ҷой дуюм гардид

Июль 14, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Маркази инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллими калони кафедраи информатикаи факултети механикаю математика Шамсулло Тағоев дар Озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои ИДМ сазовори ҷой дуюм гардид. Ҳамчунин мақолаи пешниҳоднамудаи ў барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022» интихоб гардид.

Тавре Шамсулло Тағоев ба АМИТ «Ховар» гуфт, «барои иштирок дар озмун се моҳ пеш мақолаҳои худро пешниҳод намудем. Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин – 2022» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи ман ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот барои сазовор гардидан ба ҷой дуюм бо диплом ва медали сарисинаг сарфароз гардидам».

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.

Ёдрас мешавем, ки Шамсулло Тағоев яке аз иштирокчиёни фаъоли Мактаби тобистонаи байналмилалӣ, ки 4 то 9 июли соли равон дар Федератсияи Русия доир гардид, мебошад.

Акс: ДМТ

Июль 14, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид