ТОҶИКИСТОН БА ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ МЕГУЗАРАД. Дар ин бора имрӯз Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ Холмурод Раҳмон хабар дод
ДУШАНБЕ, 25.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ба системаи идоракунии ҳавзавии захираҳои об мегузарад. Барои амалӣ гардидани ин иқдом дар Тоҷикистон 5 минтақаи ҳавзавӣ ва зиёда аз 18 зерминтақаи ҳавзавӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба хабарнигорон маълумот дод.
Ба гуфти мавсуф, барои амалӣ намудани идоракунии ҳавзавии захираҳои обӣ, ҳавзаҳои дарёӣ ва иншооти обии зеризаминии ба онҳо алоқаманд чунин минтақаҳои ҳавзавӣ ташкил карда мешаванд: минтақаи ҳавзавии Сирдарё, минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон, минтақаи ҳавзавии дарёи Панҷ, минтақаи ҳавзавии дарёи Вахш ва минтақаи ҳавзавии дарёи Кофарниҳон.
Дар ин самт дар Агентӣ аллакай қадамҳои нахустин гузошта шуданд: дар идораҳои давлатии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён зерминтақаи ҳавзавии поёноби дарёи Кофарниҳон ташкил карда шуд. Дар вилояти Суғд минтақаи ҳавзавии дарёи Зарафшон ва идораи ҳавзавӣ таъсис дода шуда, дар он идораи давлатии Панҷакент ва Айнӣ якҷоя карда шуданд. Инчунин суратҳисоби онҳо бо усули биллингӣ фаъол шуда, пардохти ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
«Ин таҷриба давра ба давра дар тамоми мамлакат амалӣ мегардад», — илова намуд Холмурод Раҳмон.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар доираи Барномаи «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» ба маблағи 6,8 млн сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 6227 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст.
Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани обистифодабарандагон дар мавсими имсола аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 62540 нафар истифодабарандагони об (нисбат ба соли гузашта 2447 нафар зиёд), аз ҷумла 346 Ассосиатсияи истифодабарандагони об дар майдони 548 561 гектар (нисбат ба соли гузашта 3027 гектар зиёд) шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






