Тоҷикистон ва Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбарро аз нав ба роҳ мемонанд

Июль 19, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбарро аз нав ба роҳ мемонанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.

Қатораҳо шурӯъ аз 30 август ҳар ҳафта аз Душанбе ва Хуҷанд ба самти Волгоград ҳаракат мекунанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ доданд, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар пас аз танаффуси дусола роҳандозӣ мешавад. «Ин тасмим дар чаҳорчӯби сафари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Роҳи оҳани Русия гирифта шудааст», — гуфтанд дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Дар бораи нарх ва шароити сафар то ҳол маълумоте дастрас нест.

Тибқи иттилои «Sputnik Тоҷикистон», қатора аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе — рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. Қатораҳо  аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ҳаракат менамоянд. Аввалин қатора аз Хуҷанд ба Волгоград 7 сентябр равон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус муваққатан қатъ гардида буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн