Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардарӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистон ва Покистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.
Ҷонибҳои ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СҲШ табодули афкор анҷом доданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






